Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори қурбониҳои ҳодисаҳои Рашт


Бино ба охирин хабарҳо, шумори қурбониҳои ҳодисаҳои суқути чархбол дар ноҳияи Рашт ва таркиши мошини Горди миллӣ бар асари инфиҷори минаи сарироҳӣ дар ин ноҳия беш аз 30 нафар шудааст. Мақомот сабаби рӯй додани ҳардуи ин ҳодисаро мушкилоти фаннӣ мегӯянд. Дар ҳамин ҳол сухангӯи Горди миллӣ хабарҳо дар бораи ҳалокати 28 нафар дар суқути ҳавопайморо рад кард. Хайриннисо Комилова ҳалокати се тан аз захмиёни сонеҳаи дирӯзаи чархболи ин нирӯҳоро дар водии Рашт таъйид кард, вале афзуд, ки хабари ҳалокати муовинони фармондеҳони Горди миллӣ воқеият надорад.
Дирӯз аз шарқи Тоҷикистон хабар расид, ки чархболи Ми-8 ҳангоми интиқоли нерӯҳо ба минтақаи Рашт суқут кардааст. Манобеъ дар вазоратҳои қудратӣ мегӯянд, 22 нафар аз сарнишинони чархбол кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, умдатан ҷанговарони гурӯҳи "Алфа" будаанд. Дирӯз ҷасади қурбониҳо ба Душанбе интиқол дода шуд.
XS
SM
MD
LG