Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳои зиёд ба корҳои ғайрирасмӣ машғуланд


Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, ки 60 дар сади сокинони кишвар, ки дар корҳои кишоварзии давлативу хусусӣ машғул ҳастанд, занон мебошанд. Азия-плюс бо такя ба ин гузориш менависад, бахшҳои дигаре, ки дар онҳо занҳо назар ба мардон ҳузури бештар доранд, соҳаи маориф ва беҳдошт маҳсуб мешаванд. Вале даромад дар ин соҳаҳо назар ба дигар машғулиятҳо пасттарин аст, мегӯяд гузориш. Аз нигоҳи таҳлилгарони иқтисодӣ, бовар меравад, ки бузургтарин бахши занҳо дар Тоҷикистон бештар бо корҳои ғайрирасмӣ машғул ҳастанд ва аз ин хотир, ҳисобу китоби даромади онҳо ғайриимкон аст. Инчунин гуфта мешавад, ки ин бахши занҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя нашудаанд. Сабаби аслии бештар ба кор ҷалб шудани занҳо дар мизони баланди бекорӣ ва даромади нокофии мардони хонавода мебошад.
XS
SM
MD
LG