Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари "Шарқи озод" нав шуд


Имрӯз раҳбари чопхонаи “Шарқи озод” дар Душанбе нав шуд. Бар ивази Манзурхон Додохонов, ки ҳадди аққал даҳ соли охир раҳбарии ин ниҳоди марбут ба дастгоҳи раёсатҷумҳуриро ба ӯҳда дошт, Ёқуб Исмоилов ба ин вазифа таъйин шуд. Бар тибқи баъзе манобеъ, оқои Исмоилов пеш аз ин дар Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст. Дар худи чопхона ин хабарро таъйид, вале аз додани тафсилоти бештар худдорӣ мекунанд.
“Шарқи озод” аз муҳимтарин чопхонаҳои пойтахт ба шумор меравад, ки дар он даҳҳо нашрияҳои давлативу хусусӣ, аз ҷумла “Азия Плюс” ва “Бизнес и политика” ва дигарҳо чоп мешаванд. Бархе нав шудани раҳбари чопхонаро бо раддубадалҳои ахири миёни вазорати дифоъ ва ҳафтаномаҳои мустақил, ки дар паи пӯшиши иттилоотии рӯйдодҳои водии Рашт сар задааст, робита медиҳанд.
XS
SM
MD
LG