Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи матбуоти чопи Душанбе


Бархе нашрияҳо даъво доштанд, ки дар эътироз ба вокуниши вазири дифоъ як саҳифаи худро сафед нашр хоҳанд кард. Аммо ҳеч яке чунин накарда ва саҳифаи нашрияҳоро боз ҳам баёнияи вазири дифоъ, вокунишҳо ба он ва ҳаводиси шарқи кишвар пур кардааст.

“Азия-плюс” дар матлабе зери сарлавҳаи “Ҷабҳаи нонамоён” аз мақомот интиқод кардааст, ки то ҳол иттилои дақиқу комилро роҷеъ ба рӯйдодҳои шарқи кишвар дар ихтиёри хабарнигорон намегузоранд.

“Даргириҳо дар водии Рашт идома дорад. Ба пойтахт сарбозони маҷрӯҳ оварда мешаванд ва нерӯҳои ҳукуматӣ аз нобуд кардани ҷангиён хабар медиҳанд. Аммо дар бораи вазъи ин минтақа касе иттилои комил надорад. Мо дар бораи он чи ки дар водии Рашт мегузарад, хеле кам медонем”,-хулоса кардааст “Азия плюс”.

“Азия-плюс”, дар матлабе дигар гуфтааст: “Чанде пештар ба ман гуфтанд, ки бо як гузориши худ аз Мирзохӯҷа Аҳмадов қаҳрамон сохтаам. Чӣ бояд кард, вақте шумо - мансабдорони мӯҳтарам хомӯшед? Одамон аз куҷо бояд иттилоъ дарёфт кунанд?”

“Озодагон” ба саволи “Оё ВАО аз террористон пуштибонӣ мекунанд?” аз соҳибназарон посух ҷустааст. Иброҳим Усмонов, раҳбари Шӯрои васоити ахбори умум дар Тоҷикистон, гуфтааст, “аз он ки задухӯрд шуд ва террористон пайдо шуданд, хабарнигорон хушҳол набуда, баръакс матбуоти мустақили кишвар бештар аз ин вазъият афсӯс мехӯрд.” Абдулло Ҳабибов, генерали бознишаста ва раҳбари созмони “Дӯстони Русия” низ гуфтааст, “ба андешаи ман, Шералӣ Хайруллоев бояд бо расонаҳо ҳамкорӣ намояд. Танҳо дар ин сурат вай метавонад ягон натиҷаи мусбатро ба даст орад.”

“Миллат” акси вазири дифоъи Тоҷикистонро бо сарлавҳаи “Шералӣ Хайруллоев узр намепурсад” дар сафҳаи аввали худ ҷо дода, ҳамчунин изҳороти ӯро дар шакли комилаш рӯйи чоп овардааст, ки дар он нашрияҳои мустақил ба пуштибонӣ аз террористон ва баррасии якҷонибаи вазъ дар водии Рашт муттаҳам мешаванд.

«Тоҷикистон» дар матлабе дигар бо номи “Мушҳои гурбагурез” даъвати ҷавонон ба сарбозиро дар замоне, ки ҳаводиси Рашт ба дилҳо воҳима андохтааст, ба риштаи таҳлил кашидааст. “Ин хоҳ-нохоҳ ба зеҳни волидоне, ки фарзандонашон бояд ба хидмати ҳарбӣ даъват шаванд, беътасир намемонад”, омадааст дар мақола. Муаллиф пешниҳод кардааст, ки “ба ҷои облава беҳтар аст, ки барои ҷалби ҷавонон аз нерӯи собиқадорони ҷанги Афғонисон ва ҷанговароне, ки дар муҳорибаҳои дигар иштирок кардаанд, истифода шавад.”

“Фардо” тамоми иттилои марбут ба ҳаводиси шарқи Тоҷикистонро аз оғоз то ҳоло дар шумораи тозаи худ чоп карда, онро “Сентябри доғдор” унвон додааст. Ин нашрия дар ҷое дигар гуфтааст, “Биёед, Раштро ором гузорем.”

“Чун дурусттар назар кунем, ин воқеот ҷанбаи бузургтаре ба худ дорад. Ин ҷо шояд сухан сари Роғун, ҷойгиршавии артиши Русия дар марз... равад. Вале ҳамаи мо дар ин маврид хомӯшем”, -навишатаст “Фардо”.

“Нигоҳ” аз манъи садои баланди амри маъруфи рӯҳониёни шинохта дар дискфурӯшиҳо хабар дода, дигарбора ба мушкили роҳи пулакӣ баргаштааст. Ин нашрия посухи вазири роҳу мухобироти Тоҷикистонро ба мақолаи “Чаро домоди президент ба гап даромад?”, ки хеле пештар дар ҳамин нашрия чоп шуда буд, зери сарлавҳаи “Вазири нақлиёт: дар оянда тамоми роҳҳо пулакӣ мешаванд” мунташир кардааст. Олим Бобоев дар ҷавобаш гуфтааст, “фаъолияти ширкати IRS – ро ҳифз кардани вазорати нақлиёт тибқи қонун сурат гирифтааст.”

“Нури зиндагӣ” мақолаи Рустам Назаров, номазади илми фалсафаро дар бораи идеологияи ягонаи миллӣ чоп кардааст. Ҷаноби Назаров дар мақолааш гуфтааст, мардуми кишвар ба бемории маҳалгароӣ гирифторанд ва то ҳоло ягонагии комил ташаккул наёфтааст. Аз ин рӯ, ба бовари ӯ, қувваҳое ҳастанд, ки асосан зери ниқоби дин мардумро аз ҳам ҷудо месозанд.
XS
SM
MD
LG