Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавқифи муҳокимаи маҳбуси Гуантанамо дар додгоҳи Ню Йорк


Нахустин муҳокимаи собиқ маҳбуси Гунатанамо дар додгоҳи шаҳрвандӣ бо сабаби номумкин будани даъвати шоҳиди калидӣ ба муҳокима мавқуф гузошта шуд. Аҳмад Халфан Ғайлонӣ, шаҳрванди Танзания, ба ташкили таркишҳо дар назди сафоратҳои Амрико дар Кения ва Танзания ва ҳалокати 224 нафар дар соли 1998 айбдор мешавад. Додгоҳи Ню Йорк бо сабабҳои амниятӣ натавонистааст, шахсеро, ки ба Ғайлонӣ маводи мунфаҷира фурӯхтааст, ба муҳокима даъват кунад. Ғайлонӣ дар соли 2004 дар Покистон боздошт ва ба Гуантанамо интиқол дода шуд. Вай ягон маҳбуси ин боздоштгоҳ мебошад, ки парвандааш дар додгоҳи одӣ муҳокима мешавад.
XS
SM
MD
LG