Пайвандҳои дастрасӣ

Дар суқути чархбол дар Рашт 28 нафар ба ҳалокат расиданд


28 низомии Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр дар суқути чархболи ҳарбӣ дар ноҳияи Рашт ба ҳалокат расиданд. 21 нафари онҳо сарбозони гурӯҳи махсуси "Алфа" ва бақия кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будаанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, чархболи Ми-8 ҳангоми интиқоли нерӯҳо ба минтақаи Рашт бо сабабҳои фаннӣ суқут кардааст. Бино бар иттилои дигар, ки хабаргузории "Азия-Плюс" нашр кардааст, дар таркиши як мошини боркаши Горди миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 6 сарбоз ба ҳалокат расида, шуморе аз онҳо захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG