Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед аз гуфтушунид бо Толибон ҳимоят кардааст


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, аз талошҳои ахири ҳукумати Афғонистон дар гуфтушунид бо Толибон ҳимоят мекунад. Аммо, сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс такрор кард, ки аввал сарони Толибон бояд аз хушунат даст кашанд, равобит бо Ал Қоидаро қатъ кунанд ва ваъда диҳанд, ки ба қонунҳои Афғонистон арҷ мегузоранд. Гиббс афзуд, бо киҳо гуфтушунид кардан кори ҳукумати Афғонистон аст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дирӯз дар Кобул гуфтушуниди ҳукумати Афғонистон бо Толибон ва як ҳайати ҳукуматии Покистон баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG