Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи издиҳом ба дафтари ҳизби "Ата Юрт" дар Бишкек


Тӯдае дар арафаи интихоботи порлумонии Қирғизистон ба дафтари ҳизби пешгоми ин кишвар дар Бишкек ҳамла кард. Издиҳом ситоди ҳизби "Ата Юрт"-ро ишғол намуда, талаб кард, ки ин ҳизб аз ширкат дар интихобот маҳрум гардад. Чанд узви пешини ҳукумати президенти барканоршуда Қурманбек Боқиев узви раёсати ин ҳизб мебошанд. Ҳамлавароне, ки худро аз наздикони афроди кушташуда дар тазоҳуроти барканории Боқиев дар моҳи апрел меноманд, мегӯянд, афроди ин ҳизб бояд аввал барои амалкардҳои худ посух диҳанд ва сипас дар интихобот ширкат кунанд. Бино ба бархе аз назарсанҷиҳои мустақилона, "Ата Юрт" дар корзори интихоботӣ дар ҷои савум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG