Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: Тоҷикистон кишвари мубтало ба "бӯҳрони тӯлонии ғизо"


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, 166 миллион нафар дар 22 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, бо гуруснагии мудаввом ва камбуди ғизо рӯбарӯ хоҳанд буд. Созмони ғизо ва кишоварзӣ ва Барномаи Ҷаҳонии Хӯроквории Созмони Милал дар гузориши нави худ низоъҳои мусаллаҳона, офатҳои табиӣ ва ниҳодҳои заъифи давлатиро сабабгори "бӯҳрони тӯлонии тағзия" номидаанд. Тоҷикистон дар ин феҳраст дар канори Ироқ ва Афғонистон номбар шудааст. Ин ниҳодҳо гуфтаанд, кишварҳое, ки дастикам 8 сол ба бӯҳрони ғизо гирифторанд ва зиёда аз 10 дарсади имдоди хориҷӣ ба онҳоро кӯмакҳои башардӯстона ташкил медиҳанд, мубтало ба "бӯҳрони тӯлонии тағзия" шумурда мешаванд.
XS
SM
MD
LG