Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти суқути чархбол ва таҳаввулоти ахир дар Рашт


Чархболи навъи Ми-8
Чархболи навъи Ми-8

Бино ба охирин хабарҳо бар асари суқути чархбол дар ноҳияи Рашт субҳи рӯзи 6 -уми октябр 28 нафар кушта шудаанд. Мақомот сабаби суқути ин чархболро мушкили фаннӣ номидаанд. Ҳамчунин дар таркиши як мошини Горди миллӣ дар ноҳияи Рашт 6 сарбоз ба ҳалокат расида ва теъдоде маҷрӯҳ шудаанд.

Манобеи расмӣ мегӯянд, чархболи Ми-8 ҳангоми интиқоли нерӯҳо ба минтақаи Рашт суқут кардааст. Манобеъ дар вазортҳои қудратӣ мегӯянд, мегӯяд, 22 нафар аз сарнишинони он кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, умдатан ҷанговарони гурӯҳи "Алфа" будаанд.

Шоми рӯзи чоршанбе, 6-уми октябр, ҷасади кушташудагон ба Душанбе интиқол дода шуд. Дар ҳоли ҳозир баъзе аз хабаргузориҳо номи чанд афсари Горди миллиро, ки дар суқути чархбол ба кушта шудаанд, нашр кардаанд.

Инҳо, ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс" полковник Даврон Самадов, подполковник Зафар Олимов, подполковник Файзалӣ Сафаров, лейтенати калон Обид Зоҳидов, лейтенанти калон Бегмат Комилов, прапоршик Сироҷиддин Ибодов ва фармондеҳи ҳайати халабонони чархбол Атахон Аҳмадов будаанд.

Ахиран маркази матбуотии Горди миллии Тоҷикистон дар хабаномае гуфтааст, се нафар аз ҳайати кормандони техникие, ки зимини суқути чархбол маҷрӯҳ шуда буданд низ, дар бемористон ҷон додаанд.

Сабабҳои суқути чархбол ба ҳар гуна шарҳ дода мешавад. Яке аз фарзияҳо беш аз ҳадди мумкин бор бардоштани чархбол унвон мешавад. Фарзияи дигар ин аст, ки чархбол зимни парвоз дар қади рӯдхонаи кӯҳӣ ба симе, ки сокинон барои интиқоли молу коло аз болои дарё гузаронидаанд, бархӯрдааст.

"Бархурди як мошини низомӣ ба мина"

Хабаргузориҳо аз қавли манобеъи худ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон менависанд, ки ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Рашт як мошини марбут ба Горди миллии Тоҷикистон дар мина бар хӯрда ва мунфаҷир шудааст.

Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС навиштааст, ки бар асари ин ҳодиса шаш нафар кушта шуда ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Аммо як масъули маркази матбуотии Горди миллӣ хабари ба мина бар хӯрдани мошини марбут ба Горди миллиро рад мекунад. Хайринисо Комилова, масъули дафтари матбуоти Горди миллӣ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ мошини ин горд дучори ҳодиса нашуда ва кушта шудани сарбозони Горди миллӣ низ асосе надорад.

Оғози амалиёт

Дар шарқи Тоҷикистон амалиёти алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҷараён дорад. Ин амалиёт ба дунболи ҳамла ба корвони нерӯҳои Вазорати дифоъ дар рӯзи 19-уми сентябр оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.

Дар ин ҳамла 26 сарбози Артиши Тоҷикистон кушта шуд. Мақомот ин ҳамларо бар дӯши Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) ва Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) аз фармондеҳони пешини мухолифон вогузор кардаанд.

Дар амалиёти алайҳи ин нерӯҳо то кунун чандин сарбозу афсари дигари мақомотҳои қудратии Тоҷикистон низ кушта шудаанд. Мақомот ҳамчунин аз кушта шудани ҳафт нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ хабар дордаанд. Масъулони Горди миллӣ мегӯянд, суқути чархболи мазкур дар субҳи имрӯз ба ҷараёни амалиёти алайҳи нерӯҳои мусаллаҳ рабт надорад.

"Панҷ манзили харобшуда бар асари даргириҳо барқарор мешавад"

Ахиран Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва дифоъи ғайринизомии Тоҷикистон аз хароб шудани паҷн манзили маскунӣ бар асари даргириҳои ахир ва дар шарқи кишвар хабар додааст.

Камисюни иборат аз мақомоти марбута манзилҳои тахрибшударо марвиди бозрасӣ қарор дода ва барои барқарор намудани зарари ин хонаҳо аснод таҳия кардаст.

Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯяд, барои сокинони манзилҳои зарардида феълан 80 тона маводи мухталиф, аз ҷумла масолеҳи сохтимони кӯмак фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG