Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати онлайн бо раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ


Суҳроб Шарипов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳур
Суҳроб Шарипов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳур

Суҳроб Шарипов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳур, меҳмони навбатии гуфтугӯи мустақим дар саҳфаи интернетии Озодӣ буд, ки зуҳри рӯзи чоршанбе баргузор шуд. Дар ин сӯҳбат ҳудуди 60 хонанда ширкат карданд ва ба суолҳои худ аз ҷаноби Шарипов посух гирифтанд.

Аксари суолҳо ба фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегӣ ва нақши он дар ҳалли масоили сиёсӣ ва иқтисодии кишвар рабт дошт. Ҷаноби Шарипов саҳми ин марказ дар таҳияи стратегияи рушди ин бахшҳоро «муҳим ва назаррас» унвон кард.

Ӯ ба унвони яке аз натоиҷи фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегӣ роҳандозии як пажӯҳиш дар мавзӯи фасод дар кишвар ва ташкили Оҷонси мубориза бо коррупсияро ном бурд, ки дар пайи ҳамин пажӯҳиш таъсис ёфтааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Шарипов, Маркази тадқиқоти стратегӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа пайваста тадқиқот анҷом медиҳад ва натоиҷи онро ба раисиҷумҳур ва мақомоти дахлдор пешниҳод мекунад.

Ҷаноби Шарипов дар посух ба суоли яке аз хонандагон ҳамчунин аз раванди маҳалгароӣ ва таборбозӣ дар ниҳодҳои давлатӣ интиқод кард. Вай гуфт, шояд замоне расидааст, «ки мо як қонуни конститусионӣ қабул кунем ва дар он муффасал навишта шавад, ки дар кадом вазифа ҳаммаҳал ё хешу табори мансабдор кор накунанд».

Тафсилоти гуфтугӯи мустақим бо раиси Маркази тадқиқоти стратегиро дар ин саҳифа бихонед.

Сӯҳбати онлайн бо Суҳроб Шарипов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00
XS
SM
MD
LG