Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 50 нафар донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи Ал-Азҳар, дар Қоҳира - пойтахти Миср даст ба намоиши эътирозӣ заданд. Онҳо аз сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ва аз раиси ин донишгоҳ тақозо карданд, то барои донишҷӯёне, ки бидуни роҳхат ё квотаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, роҳхат ё квота диҳанд, то онҳо тавонанд таҳсилро дар донишгоҳ ба итмом расонанд.

Донишҷӯён бими онро доранд, ки бино ба дархости мақомоти Тоҷикистон таҳсили онҳо дар ин донишгоҳ чун шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ дониста шуда ва онҳо аз идомаи таҳсил маҳрум хоҳанд шуд. Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Қоҳира донишҷӯи донишгоҳи Ал-Азҳар бо номи Аҳмад ба мо дар ин бора чунин гуфт:



"Донишҷӯён тазоҳурот карданд. Онҳо назди Шайх Азҳар рафтанд. Шайх Азҳар одами калон аст, дар Миср дуввум ҳукумат ҳисоб мешавад. Бо сафири Тоҷикистон ҳам мулоқот карданд. Донишҷӯён гуфтанд, ки чаро барои донишҷӯён квота намедиҳед, зеро бояд аз ҷониби ҳукумат квота дода шавад. Иҷозатнома дода шавад. Ба мо гуфтанд, ки мо танҳо барои 30 нафар квота додаем. Ба фикрам, ҳоло як нафар-як нафар даъват мекунанд ва донишҷӯёни тоҷикро тарс медиҳанд".

Суол: -Мақомоти расмии Тоҷикистон изҳор доштаанд, донишҷӯёне, ки бидуни роҳхат ба донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил рафтаанд, бояд ба ватан баргарданд. Баъд аз ҳамин шумо эътироз кардед?

Ҷавоб: -Бале. Якчанд рӯз шуд. Лекин барои мамлакати Миср ин масъала ягон гапи сахте нест аз ҷониби ҳукумат. Барои ин ки ин ҷо муътадил аст. Ҳар касе кадом мазҳаберо, ки мехоҳад, ҳамон мазҳабро мехонад. Ин ҷо бачаҳои салафиву дигару дигар нест. Аслан ин ҷо ин хел касон нестанд. Аксарияташон дар равияи имом Абуҳанифа мехонанд. Ин якӯм. Дуввум, дар ин ҷо бачаҳо муътадил ҳастанд, мисли Эрону Покистон нестанд. Донишҷӯён ин гапҳоро гуфтанд. Баъд гуфтанд, ки агар ҳамин хитобро (иҷозатномаи таҳсилро) намедиҳед, пас ба ҳеҷ кас надиҳед.

Суол: -Оё дар миёни шумо донишҷӯёне ҳам ҳастанд, ки бидуни роҳхат ё иҷозатнома таҳсил мекунанд ва имконе пеш ояд, ки бино ба дархосте, ки аз ҷониби Тоҷикистон матраҳ шудааст, онҳо таҳсилро қатъ кунанд ва ба Тоҷикистон баргарданд?

Ҷавоб: -Бачаҳое ҳастанд, ки баргаштанд. Аз хонаҳояшон чӣ қоғазҳое равон карданд. Дар Тоҷикистон аз онҳо пурсидаанд, ки бачаҳоятон дар куҷоанд? Баъзеи онҳо баргаштанд.

Савол: -Барои чӣ?

Ҷавоб: -Намедонам барои чӣ. Аз ҷониби ҳукумат пурсон кардаанд, ки бачаҳоятон куҷоанд ва дар куҷо таҳсил мекунанд. Шояд баъзеашон тарсидаанд ва баргаштаанд. Вале бисёриҳо не. Бисёрашон донишҷӯёни собиқ ҳастанд. Пеш аз ин қонун баромадан дар ин ҷо дохил шудаанд.

Савол: -Ба назари шумо дар оянда онҳое, ки бидуни роҳхат таҳсил мекунанд, имкон дорад, ки баргарданд?

Ҷавоб: Ман фикр мекунам, ки агар фишор ба сарашон наояд, барнамегарданд. Таҳсилро идома медиҳанд. Агар ягон фишор шавад, бармегарданд.

Президент: Ҷавононро аз мадрасаҳои хориҷӣ бозпас хонед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG