Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони гирифтори ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон


Маркази мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон мегӯяд, шумори гирифторони вируси норасоии масунияти бадан рӯ ба афзоиш буда, теъдоде аз кӯдакон низ олуда шудаанд. То ҳол дар кишвар 2204 мавриди беморӣ сабт шудааст, ки дар миёни онҳо 41 нафар кӯдак ва навраси то 14 сола ҳастанд.

Маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ СПИД дар Душанбе, ки ба садҳо мубталои вируси норасоии масунияти бадан кӯмак мекунад, ҳоло барномаеро рӯи даст гирифтааст, ки як бахши он нигоҳубини 10 навзод аст, ки модарҳои онҳо мубталои вируси норасоии масунияти бадан шудаанд.

Манижа Ҳаитова, табиб ва раҳбари Маркази сиҳати руҳӣ ва ВИЧ СПИД, мегӯяд: “Маркази сиҳати рӯҳӣ ва ВИЧ СПИД”, аз соли 2006 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва айни ҳол мо барномаи “Расидагии фарогир ба ҷилавгирӣ аз бемории норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистонро” иҷро мекунем, ки як бахши он кӯмак ба занони мубтало ба ин беморӣ аст, ки фарзандони навзод доранд. Айни ҳол дар миёни 280 гирифтори вируси заъфи масунияти бадан, ки аз мо муназзам кӯмак мегиранд, 10 модари бемор аст, ки барои кӯдаконашон маҳсулоти ширӣ медиҳем.“

-Аммо кӯдакони ин модарони бемор солиманд ва ё ба онҳо ҳам вируси норасоии масунияти бадан сироят кардааст?

Манижа Ҳаитова: “Чун ин кӯдакон ҳоло хурд ҳастанд, маълум карда намешавад, ки онҳо беморанд ё не. Мо ҳам ба хотири он ба ин навзодон, ғизо тақсим мекунем, то ба бемории вируси норасоии масӯнияти бадан гирифтор нашаванд. Як роҳи пешгирӣ аз сирояти вирус, маҳз тағзияи кӯдак бо шири сунъӣ аст, зеро дар таркиби шири модар, миқдори зиёди вируси норасоии масунияти бадан вуҷуд дорад, ки дар синамаконӣ, вирус метавонад, ба навзоди солим ба дунё омада, сироят кунад. Аз ин рӯ мо ба модарони бемор тавсия медиҳем, ки ба навзодонашон шири худро надиҳад ва ба онҳо маҳсулоти ширӣ тақсим мекунем, то ин кӯдакон ба беморӣ гирифтор нашаванд.“

-Агар махфӣ набошад, ин навзодон чандмоҳа ва ё чандрӯза ҳастанд?

Манижа Ҳаитова: “Дар миёни ин кӯдакон аз семоҳа то 9 моҳа ҳастанд, аз ҳама бузургашон 9 моҳ дорад. “

-Оё волидони ин кӯдакон медонистанд, ки беморанд ва худашон хостанд, фарзанддор шаванд ва ё бехабар аз он ки беморанд, бордор шудаанд?

Манижа Ҳаитова: “Агар доир ба ҳамин 10 зан сӯҳбат кунем, беморӣ дар онҳо замони ҳомиладориашон ташхис шуд. Ҳоло дар саросари Тоҷикистон ташхиси модарони бордор анҷом мешавад, ки дар амри ошкор намудани гирифторони вируси норасоии масӯнияти бадан, кӯмаки бисёр мекунад. Мутаасифона ин занон бемориашон дер фаҳмиданд, яъне вақти бордор шуданашон. Вале мо беморони дигарро ҳам дорем, медонистанд, ки беморанд, вале мехостанд фарзанд дошта бошанд. Мо чанд модари бемореро дорем, ки фарзандони солим таваллуд карданд, чун тамоми меъёрҳои мавҷуди ҷилавгирӣ аз сирояти беморӣ ба кӯдакро риоят карданд. Мутаасифона ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди зиёди занҳое ошкор мешаванд, ки ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудаанд. Бештар аз ҳама инҳо занони муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки ба Русияву Қазоқистон мераванд, ба ду кишваре, ки теъдоди зиёди беморони вируси норасоии масунияти баданро доранд. Бар асоси омори расмӣ дар Русия, ним миллион нафар гирифтори бемории мазкур ҳастанд, агарчӣ бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди онҳо панҷ ва ё шаш маротиба зиёд аст. “

-Шумо гуфтед, баъзе аз гирифторони беморӣ огоҳона хостанд фарзанддор шаванд?

Манижа Ҳаитова: “Бале мо дар маркази худ ҷуфтҳоеро дорем, ки ҳарду беморанд ва ё ҷуфтҳое, ки яке аз онҳо бемор аст ва дигарӣ солим. Бисёр мушоҳида мешавад, ки баъзеашон фарзанд доранд, вале мехоҳанд боз дошта бошанд, ё баъзеашон бефарзанд ҳастанд. Масалан чанде пеш ду нафар аз кӯмакгирандагони маркази мо издивоҷ карданд, ҳафтаи гузашта ҷашни арӯсӣ доштанд. Онҳо ҳам мехоҳанд, хонавода барпо кунанд, фарзанд дошта бошанд, аммо мутаасифона ҳоло дар Тоҷикистон ин шароит нест, ки иҷоза диҳад, аз роҳи сунъӣ модари солимро бо нутфаи покшуда аз вируси марди бемор бордор кунанд, ки ҳосилаш фарзанди солим аст. Масалан ин таҷриба дар Лаҳистон дида мешавад, вале мутаасифона дар мо нест. Аз ин рӯ онҳо маҷбуранд, ки хонавода таъсис диҳанд ва фарзанд дошта бошанд, онҳо ҳам як бахши ҷомеаи мо ҳастанд, ин ҳақро доранд ва мо бояд ин имкониятро барои онҳо фароҳам кунем.“

-Аммо зиндагии ҷуфтҳое, ки яке аз онҳо мубталои вируси норасоии масунияти бадан аст ва дигарӣ солим, чӣ гуна аст?

Манижа Ҳаитова: “Бале ин гуна ҷуфтҳо ҳастанд ва дар маркази мо сабти ном шудаанд. Масалан ё мард гирифтори беморӣ аст ва занаш солим ва ё баръакс ҳамсар бемор асту шавҳараш солим. Онҳо ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд ва албатта саъй мекунанд, то беморӣ ба дигарӣ сироят накунад. “
XS
SM
MD
LG