Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Нобел дар илми физика


Андре Гейм ва Константин Новосёлов, барандагони ҷои Нобел дар илми физика
Андре Гейм ва Константин Новосёлов, барандагони ҷои Нобел дар илми физика

Кумитаи ҷоизаи Нобел ду донишманди зодаи Русияро барандагони имсолаи ин ҷоизаи мӯътабар дар илми физика эълом кард. Андре Гейм ва Константин Новосёлов барои офаридани як навъи карбон сазовори ҷоиза дониста шуданд, ки хосияти интиқоли нерӯи барқро дорад.

Зимни эъломи барандагони ҷоиза, Кумитаи Нобел гуфт, “озмоишҳои навоваронаи” Андре Гейм ва Константин Новосёлов бо графен, дар тавлиди комютерҳо ва абзори дигари барқӣ истифодаи васеъ хоҳад дошт.

Графен, як навъи карбон аст, ки як атоми бештар дорад ва амалан шафоф мебошад ва ҳамзамон ончунон қавист, ки убури кӯчактарин атоми газ аз онро номумкин мекунад. Дар тақдирномаи Кумитаи Нобел омадааст, бо назардошти хосиятҳои графен метавон аз он мониторҳои ҳассос, чароғҳои ойинашакл ва шояд батареяҳои офтобӣ тавлид кард.

Ноқили нави энержӣ

Транзисторҳои графенӣ ҳамчунин имкон медиҳанд, назар ба комютерҳои муосир, ки бо транзисторҳои силиконӣ кор мекунанд, компютерҳои қудратманду зудкоре офарид. Ингемар Линдтсром, профессор ва раиси Кумитаи Ҷоизаи Физикаи Нобел дар мусоҳибае дар торнамои Кумитаи Нобел аз арзиши озмоишҳои илмӣ ва эҳтимоли истифодаи ҳосили кори ҳарду донишманд ситоиш кард.

Барои ман, ин як навоварии илмии бисёр муҳим аст, ки битавон як ашёи кристалии дубӯъдӣ офарид, ки ашёи тунуктарин дар курраи Замин мебошад. Дуввум ин ки дар марҳилаи ҳозира аз он ба таври васеъ метавон истифода кард ва дар ояндаи наздик корбурди тиҷоратии он васеътар хоҳад буд.

Графен, на танҳо барои тавлидкунандагони комютеру абзори барқӣ, балки барои худи олимон низ аҳамияти зиёд доштааст. Яъне ба онҳо иҷоза медодааст, то ашёи дубӯъдиро бо хосиятҳои нодираш биёмӯзанд ки метавонад, ҷанбаҳои нави физикаи квантиро ошкор кунад.

Андре Гейм, шаҳрванди Ҳолланд буда ва Константин Новосёлов шаҳрвандии дугонаи Русия ва Бритониёро дорад. Ҳарду ҳам дар Донишгоҳи Манчестери Бритониё кор мекунанд.

Роберт Эдвардс, табиби бритониёӣ
Умеди миллионҳо ҷуфти ноумед


Пеш аз эъломи барандагони ҷоизаи физикаи Нобел, Роберт Эдвардс, табиби Бритониё барандаи ҷоизаи тибби Нобел эълом шуд, ки усули бордоркунии сунъиро асос гузоштааст, ки бо истифода аз ин усул то кунун бештар аз 4 миллион нафар ба дунё омадаанд. Чаҳор миллион нафар навзоди таввалудшуда аз роҳи маснӯӣ ва шодии миллионҳо ҷуфти ноумед аз 30 соли пеш то кунун ҳосили талошҳои Роберт Эдвардз донишманди Бритониё будааст. Бисёре аз ин навзодони озмоишгоҳӣ худашон ҳоло бузургсоланд ва соҳиби зану фарзанд.

Роберт Эдвардс, профессори бознишастаи Донишгоҳи Кембриҷи Бритониёст, ки бисёре ба ӯ падари навзоди озмоишгоҳиро додаанд. Ӯ 20 сол барои ёфтани усули бордоркунии маснӯӣ кор кардааст. Ӯ соли 1968 муввафақ шуд, ҳуҷайраҳои тухмаки инсонро дар лӯлаҳои озмоишгоҳӣ бордор кунад. Яъне бо ин роҳ, як тухмакро аз раҳими зан бардошта ва дар лӯла бо нутфаи мард омехта мекунанд ва баъд аз ин тухмаки борварро ба раҳими зан бармегардонанд.

Аввалин ҳосили ин шеваи маснӯӣ Луиз Бровн аст, ки соли 1978 ба дунё омадааст. Кумитаи Нобел ҳам Роберт Эдвардзро барои дармони бемории нозоӣ, сазовори ин ҷоизаи мӯътабар донист. Горан Ҳансон, дабири кумитаи Ҷоизаи Нобел дар Пажӯҳишгоҳи Каролинскаи Шветсия гуфт:

Аз соли 1978 теъдоди афзояндаи кӯдакон ва то ҳоло тақрибан 4 миллион кӯдак ба шарофати шеваи бордоркунии маснӯӣ таваллуд шудаанд.

Вокунишҳо ба ихтирооти Эдвардс

Аммо Роберт Эдвардз, ки ин корро бо ҳамкори даргузаштааш Патрик Стептоу анҷом додааст, дар тамоми тӯли пажӯҳиш ба интиқоди ҳамкорону, ҳукуматҳо, гурӯҳҳои мазҳабӣ рӯ ба рӯ шуд. Аз ҷумла Ватикан, бордоркунии маснӯиро кори ғайриахлоқӣ хондааст, зеро ба гуфтаи он ин шева муқорибат ва ё наздикии табии ҷинсии байни марду занро иваз мекунад.

Калисои католик ҳамчунин маҳви нутфаҳои бордорнашударо маҳрум намудан аз ҳаққи ҳаёт хондааст. Аммо назари Луиз Бровн, ки ҳоло 31 сол дорад, дигар аст ва гуфтааст, ӯву модараш хушҳоланд, ки ҷоизаро ба касе эъто мешавад, ки шоистаи он аст. Дар вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, агарчӣ то кунун аз ин таҷриба дар кишвар, кор нагирифтаанд, аммо озмоишгоҳи муосир барои истифода аз бордоркунии маснуиро чанде пеш таъсис кардаанд.

Ҳоло Роберт Эдвардзи 85 сола, ки сиҳатиаш хуб нест ва Кумитаи Нобел хабари баранда шудани ӯро аз тариқи телефон ба завҷааш расондааст, ки дар ҷавоб гуфтааст, Роберт Эдвардз хушнуд хоҳад шуд. Ҷоизаи Нобел, аз тарафи Алфред Нобел, корхонадори сарватманди Шветсия таъсис шуда ва онро соли 1901 аввалин бор тақдим кардаанд.

Дар маҷмӯъ шаш ҷоизаи Нобел, дар улуми тиб, физика, кимиё, ҷоизаи адабии Нобел, Ҷоизаи сулҳ ва ҷоизаи иқтисоди Нобел дар моҳи окятбр эълом мекунанд ва моҳи декабр ба соҳибонаш месупоранд. Имсол ба барандагони ҷоизаҳо , диплом, нишони тилло ва тақрибан якуним миллион доллар ҳадя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG