Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олимони кишварҳои Муштаракулманофеъ дар конфронси илмие, ки ахиран дар Душанбешаҳр баргузор шуд, аз мақомоти давлатҳои худ даъват кардаанд, то ба қарордоди имзошуда миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии «Помир-Чақалтой» ҳамроҳ шаванд. Ин қарордод миёни Тоҷикистон ва Русия дар августи соли 2008 имзо шуда буд.

Александр Борисов, иҷрокунандаи вазифаи директори маркази “Помир-Чақалтой”зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин даъватҳо ҷалб кардани олимони ҷаҳон ба ин маркази таҳқиқоти илмӣ ва ширкати онҳо дар таҳқиқотҳои марбут ба масоили глобалӣ аст.

Аҳамияти пажӯҳишҳо дар "Помир-Чақалтой"

Ҷаноби Борисов дар шарҳи озмоишу таҳқиқотҳои илмии барномарезишуда дар ин марказ гуфт: «Дар ин марказ проблема ва мавзӯъҳои хусусияти ҷаҳонӣ ё глобалӣ дошта мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки барои ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳаёт дар курраи Замин бастагӣ дорад. Аз ҷумла мавзуи тағйири иқлим, омӯзиши кайҳон ва сарчашмаи энергия ё энергияи кайҳонӣ. Барои мисол, нурҳои кайҳонӣ, ки пайдоиши фазоӣ ё галактикӣ доранд, ба иқлими Замин таъсир мерасонанд ва то андозае ин нурҳо метавонад гармӣ ва сардӣ дар сайёраро ба вуҷуд биёранд. Сабаби гармо дар ҷави Замин ва тағйири иқлимро мо бояд дар фазои кайҳон ҷустуҷӯ кунем».

Ба гуфтаи Александр Борисов, бар асоси қарордори имзошуда миёни Тоҷикистон ва Русия, кишварҳои хориҷӣ низ метавонанд ба намояндагӣ аз кишварҳояшон дар ин марказ корҳои пажӯҳиширо анҷом диҳанд.

Маркази нодир ва махфӣ

Агарчи фаъолияти ин маркази илмӣ-таҳқиқотӣ дар Тоҷикистон аз соли 1928 оғоз шудааст, вале то ба ҳол давлати Тоҷикистон дар ин марказ нақши калидӣ надошт. Дар замони Шӯравӣ ба маълумот дар бораи ин марказ ва фаъолияти он танҳо муншии аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи амнияти давлатӣ дастрасӣ доштанд. Ҳатто Шӯрои вазирони Тоҷикистон он замон аз фаъолияти ин марказ иттилоъи чандоне надошт.

Шакармаҳмад Ёрмаҳмадов, муовини раиси ин марказ дар бораи фаъолиятҳои таҳқиқотии «Помир-Чақалтой» дар гузашта ва оянда дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфт: «Таърихи ин марказ аз соли 1928 шурӯъ мешавад. Экспедитсияи дуввум ба ин маҳал соли 1946 ташкил шуда буд. Ҳадаф омӯзиши энергияи атомӣ буд. Аз соли 1971 дар ин ҷо як маркази мукаммали илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил шуд ва то соли 1992 дар ин маҳал корҳои пажӯҳишӣ дар бораи омӯзиши энергияи нурҳои кайҳонӣ иҷро мешуд».

Робитаи "Помир-Чақалтой" бо "Окно"

Ҷаноби Ёрмаҳмадов дар бораи робитаи ин марказ ба маркази дигари омӯзиши кайҳонӣ дар Тоҷикистон бо номи «Панҷара», ё «Окно» дар Норакро чунин тавзеҳ дод: «Албатта, робитаи илмӣ дорад, вале он марказе, ки дар Норак аст, ҳадафи низомӣ дорад. Мақсади асосии маркази мо омӯзиши физикаи кайҳонӣ ва физикаи ҳастаӣ ва ҳамчунин тарбияи кадрҳо дар ин бахш аст».

Ин дар ҳолест, ки муҷтамаи низомии «Панҷара», ё «Окно» дар Норак аз нодиртарин марказҳои назорати кайҳон дониста мешавад, ки то масофаи 240 километрии фазои курраи Заминро метавонад таҳти пӯшиш қарор диҳад. Ва ин марказ аз шиллики оддитарин мушак ва маҳалли асобати он метавонад иттилои дақиқ бидиҳад.

Ба гуфтаи Павел Фелгенгауер, коршиноси мустақили низомӣ, нерӯи стратегии Русия бидуни муҷтамаи низомии «Панҷара» дар Нораки Тоҷикистон савораи бесарро мемонад. Чанд соле қабл Тоҷикистон ин маркази нодирро ба ивази 292 миллион доллари қарзаш дар ихтиёри Русия қарор дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG