Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони қирғизро аз Қазоқистон берун мекунанд


Мақомоти Қазоқистон ахиран садҳо муҳоҷирони кории қирғизро аз кишвар берун карданд. Ҳомии ҳуқуқи башар ва муҳоҷири кории собиқ Мирлан Сотиболдиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми рӯзи сешанбе ду автобус бо тақрибан 130 муҳоҷири қирғиз вориди Қирғизистон шуд. Улан Маданбеков, яке аз муҳоҷирони ихроҷшуда гуфт, ки боз се автобус бо муҳоҷирони кории қирғиз дар роҳ сӯи кишваранд.
Ба гуфтаи Мирлан Сотиболдиев, баъд аз ҳаводиси моҳи апрел дар Бишкек ва аз мақом барканор шудани раисиҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев мақомоти Қазоқистон раванди ихроҷи қирғизҳо аз кишварро суръат бахшиданд. Ва аммо, афзуд ӯ, бори аввал теъдоди бузурги муҳоҷирони кории қирғиз аз Қазоқистон ронда мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG