Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел ва Сеул равобити тиҷоратиро таҳким мебахшанд


Дар ҷараёни нишасти Иттиҳодияи Аврупо – Кореяи Ҷанубӣ дар Брюссел созиш дар бораи тиҷорати озод миёни Брюссел ва Сеул имзо шуд. Татбиқи ин санад, ки лағви молиёт барои содироти тавлидоти саноатиро дар назар дорад, ба афзоиши табодули молу коло миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард ва он 30 миллиард евро дар як солро ташкил хоҳад дод. Қарор аст, ки ин санад дар сурати тасвиб аз сӯи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва ҷониби Кореяи ҷанубӣ. аз 1 июли соли 2011 ба ҳукми қонун ворид шавад.
Кореяи Ҷанубӣ аввалин кишвари Осиёист, ки бо Иттиҳодияи Аврупо созиш дар бораи тиҷорати озодро имзо кардааст.
XS
SM
MD
LG