Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон Залмай Расулро ба ҳузур пазируфт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе Залмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистонро ба ҳузур пазируфт. Раҳбари идораи сиёсати берунаи Афғонистон баъд аз ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ки дар сӯҳбат бо сарвари Тоҷикистон масоили марбут ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва вазъи минтақаиву мубориза бо терроризмро баррасӣ карданд. Дар посух ба суол дар бораи навиштаи матбуоти ғарбӣ оиди аз шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштани аъзои гурӯҳҳои террористӣ, Залмай Расул гуфт, ки дар мулоқот рӯи мавзӯъи таҳкими сарҳадот ба хотири роҳ надодани убури гурӯҳҳои террористӣ аз марз низ тамаркуз шуд.
Вазири умури хориҷии Афғонистон ҳамчунин гуфт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯъи интиқоли энерҷӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, бунёди роҳҳо, сохтмони роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Эрон тавассути қаламрави Афғонистон ва ҳамчунин ҳамкориҳои фарҳангиву масоили марбут ба таълиму тарбияи ҷавонони афғон низ гуфтугӯ кардааст.
XS
SM
MD
LG