Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Украина истирдоди Ботировро дархост намуд


Мақомоти Қирғизистон аз Украина истирдоди фардеро тақозо кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо яке аз гунаҳкорони аслии таниш байни қирғизу ӯзбакҳо аст. Қодирҷон Ботиров, пешвои ӯзбактаборон дар ҷануби Қирғизистон ва муассиси Донишгоҳи Дӯстии Халқҳо дар шаҳри Ҷалолобод аст, ки ҳоло дар Украина ба сар мебарад.

Қодирҷон Ботиров, ӯзбактаборонро алайҳи тарафдорони Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон бархезонд, ки маҳбубияти чандоне дар миёни ӯзбакҳо надошт ва баъди шӯридани мардум, дар ин шаҳр паноҳ бурд, вале дар ниҳоят ба Ҷумҳурии Белорус фирор кард.

Қодирҷон Ботиров-омили сар задани низоъ

Ҳоло мақомоти Қирғизистон мегӯянд, баёнияҳои Қодирҷон Ботиров, ки ба ҳуқуқи бештар барои ӯзбактаборон даъват мекунад, аз омилҳои аслии сар задани низоъи хунини моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон будааст.

Низоъҳое, ки ҷони тақрибан 400 нафарро гирифт ва ҳазорон тани дигарро дар Қирғизистон бехонумон кард.

Қодирҷон Ботиров, пешвои собиқи ӯзбакҳои Қирғизистон, ки дар Украина паноҳ мебарад, мегӯяд, мақомоти қирғиз набояд вақти худро барои таъқиби ӯ зоеъ кунанд ва “гунаҳкорони аслии” муноқишаҳоро ҷӯянд.

Қодирҷон Ботиров дар сӯҳбат бо бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, чаро ӯзбакҳо дар низоъҳои қавмӣ бештар қурбон шуданд ва ҳам тамоми онҳое, ки то кунун дар робита ба муноқиша муҳокима мешаванд, ӯзбактаборон ҳастанд?

Қирғизистон то кунун 8 ӯзбактаборро бо гуноҳи ширкат дар низоъҳои қавмӣ ба зиндон маҳкум кардааст.

"Афзоиши нуфузи узбакҳо сабаби нооромиҳо будааст"

Баъди суқути Қурмонбек Боқиев дар моҳи апрел ва оғози баҳсҳои ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон, ӯзбакҳо дар ин баҳсҳо фаъолона ширкат карданд.

Дигар ин, ки ҷамъияти бузурги ӯзбакҳо, қудрати сиёсӣ ва тавоноии пешвоёни сиёсиашон бисёре аз қирғизҳои Қирғизистонро тарсонд.

Қодирҷон Ботиров мегӯяд, тарси сиёсатмадорони қирғиз аз ҷомеаи ӯзбакҳо пештар шурӯъ шуд ва аз ҷумла шумориши аҳолӣ, ки дар соли 2009 нишон дод, ки аҳолии ӯзбактабор дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод ва атрофи он фавқуллода афзудааст:

“Ҳамзамон бо ин, мардум аз амалҳои Қурмонбек Боқиев дар саросари кишвар огаҳии бештар ёфтанд, ки чӣ гуна кӯмакҳои молии хориҷиро медуздад. Дар ин ҳол Қурмонбек Боқиев худро раҳбари миллатдӯст вонамуд карда, кадрҳои миллатгароро ба ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ ҷалб кард ва онҳо сиёсатҳои зиддиӯзбакиро пеша карданд."


Бино ба гузоришҳо, баъди фирори Қурмонбек Боқиев ба Ҷалолобод ва ҷамъ кардани тарафдоронаш дар онҷо, давлати муваққат ба раҳбарии Роза Отунбоева, аз Қодирҷон Ботиров хостааст, то ӯзбактаборонро барои раҳо кардани қароргоҳи ишғолшудаи ҳукумат аз дасти пайравони Боқиев сафарбар кунад.

Ӯ ин корро кардааст ва бо кӯмаки ӯзбактабарон нерӯҳои тарафдори ҳукумат, қароргоҳи ҳукумати Ҷалолободро пас гирифтанд. Маҳз дар ҳамин вақт, баъзе аз ӯзбакҳо ба самти хонаи падари Боқиев ҳаракат карда ва онро оташ задаанд.

Аммо зоҳиран қирғизҳо, ки ба гуфтаи Қодирҷон Ботиров тарафдори Боқиев буданд, аз ин кор ба хашм омада ва баъдан Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Қодирҷон Ботировро ҳадаф қарор доданд.

Ботиров худро бегуноҳ меҳисобад

Қодирҷон Ботиров мегӯяд, бо вуҷуди он, ки пеш аз оғози муноқишаҳои моҳи июн Қирғизистонро тарк кард, ӯро дар барангехтани низоъҳои қавмӣ муттаҳам мекунанд.

Ба иддаои бисёре аз қирғизҳо, Қодирҷон Ботиров даъват мекард, ки дар дохили Қирғизистон минтақаи худмухтор барои ӯзбакҳо таъсис дода шавад. Ӯ эътироф мекунад, ки доир ба додани ҳаққи бештар ба ӯзбакҳо баёнияҳое нашр кардааст, аммо на дар бораи ҷудоихоҳӣ.

"Ман бештар аз 20 сол яке аз пешвоёни ҷомеаи ӯзбакҳо дар Қирғизистон будам ва на ман, на пешвоёни дигари ӯзбакҳо ҳеҷ гоҳ талаби мухторият барои ӯзбакҳо накардаем. Хабарнигорон борҳо аз ман ин суолро кардаанд ва посухи ман ҳам возеҳ буд. Барои мо Қонуни асосии мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ беҳтар аст, ки ба ҳуқуқи инсон арҷ гузорад ва шароити зиндагии беҳтар барои ҳамаро фароҳам намояд".

Қодирбек Ботиров, дар гуфтугӯ бо бахши узбакии Радиои Озодӣ чанд нафар аз сиёсатмадорони қирғизро “гунаҳкорони аслии” муноқишаҳо моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон хонд, вале далели собите барои он наовард. Иддаое, ки қирғизҳо дар ҳаққи худи ӯ мекунанд.
XS
SM
MD
LG