Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Брюссел аз заҳролудшавии Дунай


Иттиҳодияи Аврупо аз имкони ба дигар кишварҳо интиқол ёфтани садамаи муҳитизистӣ дар Маҷористон изҳори нигаронӣ мекунад. Ҳадс зада мешавад, ки партовҳои заҳрогин аз як корхона дар ғарби Маҷористон шояд рӯдхонаи Дунайро олуда созад.
Рӯзи душанбе аз як махзан дар корхонаи шаҳри Айка тақрибан як миллион метри мукааб партобҳои заҳрогини алюминии истифодашуда берун ҷаҳид. Дар ин ҳодиса чаҳор нафар ба ҳалокат расида, 6 кас беному нишон шудаанд ва дасти кам 120 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG