Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти гумонбарон дар куштори Павлюк


Дар Қазоқистон ду нафари гумонбар дар куштори хабарнигори қирғизистонӣ Геннадий Павлюк боздошт шудаанд. Ба иттилоъи раиси дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Қазоқистон Куанишбек Жуманов, онҳо рӯзи якшанбеи гузашта бар асари амалиёти вижаи полис дар як тарабхонаи Алмаато ба даст уфтоданд.
Геннадий Павлюк охири соли гузашта дар яке аз беморстонҳои Алмаато баъд аз он ба ҳалокат расид, ки афроди ношинос дасту пояшро баста, ӯро аз ошёнаи шашум ба замин андохтанд. Павлюк аз хабарнигорони мухолифи ҳукумати Қирғизистон маҳсуб мешуд. Мухолифин ва ҳомиёни ҳуқуқи башар дар куштори Геннадий Павлюк кормандони хадамоти ҷосусии Қирғизистонро айбдор мекарданд.
XS
SM
MD
LG