Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷумин фестивали байналмилалии мусиқии ҷаз дар Бишкек


Шаҳри Бишкек мизбони фестивали панҷуми байналмилалии мусиқии ҷаз буд, ки гуфта мешавад, бо ибтикори бунёди Кристенсени ИМА ва бюрои ҳамкориҳои Шветсария дар Ҷумҳурии Қирғизистон роҳандозӣ шуд. Ин фестивал «Мусиқии шаҳри шарқ» унвон дошт ва гурӯҳҳои ҳунариро аз Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон гирди ҳам оварда буд.

Дар фестивал Тоҷикистонро гурӯҳи «Авесто» муаррифӣ кард.

Чаро ҷашнвора ба таъхир афтод?

Ба гуфтаи Хоникей Мухторова, яке аз дастандаркорони фестивали мусиқии ҷази Бишкек, чаҳор фестивали гузашта дар моҳи апрел баргузор мешуд.

Вай гуфт, тибқи барномаи онҳо соли равон низ ин фестивал мебоист рӯзҳои 7 ва 8 апрел баргузор мегардид.

Вай мегӯяд, вале дар рӯзҳои таъйиншуда, дар Бишкек табаддулоти давлатӣ ба амал омад, ки барои баргузории ин фестивал монеаи ҷиддӣ эҷод намуд.

Паёми ин ҷашнвораи мусиқӣ чӣ аст?

Хоникей Мухторова яке аз хусусиятҳои хоси фестивали ҷазро ба ҳам омезиш ёфтани мусиқии фолклорӣ ва мусиқии ҷаз арзёбӣ кард ва афзуд, ки дар натиҷаи ин омезиш навъи нави ҷази этникӣ ба вуҷуд омад.

Ба таъкиди хонум Мухторова, фестивали мусиқии ҷаз дар тарғиби ҷази этникии мардуми соири кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим хоҳад бозид.

Хоникей Мухторова мегӯяд, ки дар фестивал гурӯҳи «Авесто»-и Тоҷикистон ҳашт намоишномаи мусиқиро ба тамошобинон пешкаш кард.

Ба гуфтаи Хоникей Мухторова дар намоишномаҳои мусиқии гурӯҳи «Авесто» дафу доира, таблаку най ва созҳои симӣ ба ҳам ҷӯр шуданд ва фазоеро ба вуҷуд оварданд, ки ҳар як тамошобини толорро ба рақс даъват мекард.

Баъди анҷоми намоишномаи мусиқии гурӯҳи «Авесто», садои кафкӯби то чанд лаҳза давом кард. Вай гуфт, садои марғуладори овозхони тоҷик Таҳмина Рамазонова низ қобили ситоиш аст.

Ҷои узбакҳо дар ҷашнвора холӣ буд

Ба гуфтаи Хоникей Мухторова дар фестивали имсола ҳунармандони Ӯзбекистон ширкат накарданд.

Аммо аз Қазоқистон гурӯҳи «The Magis of Nomads», аз Қирғизистон гурӯҳҳои «Инсон», «Ҷумъа ва Омур» ва «Соление орешки» хотири ҳаводорони мусиқии ҷазро болида сохтанд.

Қамчибек Ҷунушов, яке аз иштирокчиёни фестивали «Мусиқии шаҳри шарқ» ба Озодӣ имкониятҳои қимиз, ин асбоби мусиқиро, ки гуфта мешавад, хоси мардуми қирғиз аст, тавзеҳ дод.

Ба гуфтаи ин мусиқанавози қирғиз ,гурӯҳи онҳо дар фестивали ҷази Бишкек тавонист, ки гароиш ё синтези садои қимиз бо созҳои дигари симиву нафасиро собит намояд.

Қамчибек Ҷунушов мегӯяд, сози қимизи қирғизӣ чанд муддат пеш ба мусиқии ҷаз пайваст ва ин сабабҳои худро дорад.

Гуфта мешавад, ки тибқи натиҷагирии гурӯҳи доварон фестивали ҷаз ҷои аввалро дастаи «Соление орешки»(Қирғизистон) ишғол кардааст. Ҷои дуввум насиби гурӯҳи «The Magis of Nomads»(Қазоқистон) шуда ва ҷои сеюмро дастаи «Авесто»-и Тоҷикистон гирифт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG