Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" масъулияти ҳамла ба корвонро бар дӯш гирифт


Ҷунбиши “Толибон”-и Покистон масъулияти ҳамла ба корвони мошинҳо бо маводи сӯхт барои нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистонро бар дӯш гирифт. Ин ҳодиса дар канори шаҳри Кветта, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳамла як ронандаи мошин кушта шудааст. Толибон тақрибан 10 мошини бо маводи сӯхтро оташ заданд. Ҳамид Шакил, афсари воломақоми полиси Кветта, ки дар наздикиҳо ҷойи ҳодиса қарор дошт, ба хабаргузории Рейтерс гуфт: "Ҳангоми намози бомдод ду мошин бо афроди мусаллаҳ пайдо шуданд. Онҳо аввал сӯи ҳаво тир андохтанд. Бесомонӣ шурӯъ шуд ва ҳама талош мекарданд, ки панаҳ баранд. Баъд аз ин яке аз мошинҳо ҳаракат кард ва нафаре ба болои он чизе партофт, ки аз он маводи сӯхт аланга зад.
Ҳафтаи гузашта, баъди ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО ба манотиқи марзӣ, ки дар он се сарбози покистонӣ кушта шуданд, Исломобод расман роҳи корвони мошинҳо бо молу мавод барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистонро баст.
XS
SM
MD
LG