Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор нафар дар суқути чархбол дар Рашт


Бар асари суқути чархболи Горди миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт чаҳор сарнишин ба ҳалокат расида, се корманди техникӣ ҷароҳат бардоштаанд. Бар пояи иттилоъи маркази матбуоти Горди миллии Тоҷикистон, чархбол бар асари мушкили фаннӣ ба замин уфтодааст ва ин ҳодиса ба даргириҳо дар шарқи кишвар рабте надорад. Барои тафтиши суқути чархбол комиссиюни вижа таъсис шуд. Чанд рӯз пеш хабаргузории “Азия-плюс” дар бораи нишасти изтирории як чархболи низомӣ дар маҳалли задухӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи мухолифи ҳукумат иттилоъ дода буд. Ба гуфтаи манбаъи хабаргузорӣ, чархбол баъди ба шахпора бархӯрдани болаш маҷбур шуд, ки фуруд ояд. Ва аммо Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки амалиёти зидди гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов дар маҳаллаи аҳолинишин идома дорад ва аз ин рӯ истифодаи чархболҳои низомӣ ғайримумкин аст.
Дирӯз вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар даргириҳои ахир дар минтақаи Рашт ҳафт тан аз аъзои гурӯҳи зиддиҳукуматӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG