Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаномаи "Фараж" ин ҳафта нашр нашуд


"Фараж», ҳафтаномаи мустақили сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ин ҳафта ба дасти хонандагон намерасад. Нашриёти «Оила", ки ахиран ин ҳафтанома дар он ҷо ба чоп мерасид, аз чопи он худдорӣ кардааст. Иллати чоп нашудани онро чопхонаҳо мушкили фаннӣ ва гарон шудани қиммати коғаз унвон кардаанд.

Вале дар пасманзари воқеъаҳои шарқи Тоҷикистон ва кушта шудани сарбозони вазорати дифоъи дар даргириҳои дараи Камароб, байни вазорати дифоъи Тоҷикистон ва расонаҳои мустақил дар мавриди шеваи инъикоси ин ҳодиса сӯитафоҳум ба вуҷуд омада буд.

Вазорати дифоъи Тоҷикистон зимни як барномаи телевизионӣ, ки шоми шанбе, 25 сентябр, тариқи шабакаҳои давлатӣ чандин маротиба пахш шуд, нигаронии сарбозони вазорат аз матлабе дар ҳафтаномаи «Фараж»-ро эълом дошт.

Аммо ба сурати умум ба расонаҳои дигар низ ишора шуда буд , ки дар бораи куштори сарбозон дар дараи Камароб гузоришу тахлил нашр кардаанд.

Ба иддаои вазорат, дар ин гузоришҳо миёни мардум ноумедӣ аз амалиёти нерӯҳои амниятӣ ташвиқ шуда, амалиёти мазкур таҳти шакку шубҳа бурда шудааст.

Дар посух, нашрияҳо иқдоми вазорати дифоъро маҳкум карданд ва аз ҳайати афсарон хостори узрхоҳӣ шуданд.

Аммо ду рӯз қабл, дар таърихи 4-юми октябр, шахси Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон дар як нома бо лаҳни тунде аз шеваи инъикоси ҳалокати 25 сарбози вазорати дифоъ дар ҳамлаи рӯзи 19-уми сентябр дар матбуоти мустақил бори дигар башиддат интиқод кард.

Номаи вазир, ки дар сомонаи хабаргузории давлатии "Ховар" нашр шуда буд, матбуоти мустақилро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам мекард.

Дар муқобил, панҷ нашрияи мустақили Тоҷикистон ба шумули “Фараж” қасд доштанд, ки аз болои вазири дифоъ ба додгоҳ шикоят кунанд ва ба нишони эътироз ба номаи вазири дифоъ як саҳифаи шумораи навбатии худро бидуни матлаб нашр намоянд.
XS
SM
MD
LG