Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар суқути чархбол ҳадди ақал 22 нафар кушта шудааст"


Як чархболи Горди миллии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт субҳи имрӯз суқут кардааст, ки бар асари он, ба маълумоти бархе манобеъ ҳадди ақал 22 нафар, умдатан кормандони Кумитаи амнияти миллӣ кушта шудаанд. Бино ба хабари маркази матбуоти Горди миллӣ, сабаби суқути чархбол мушкили фаннӣ аст.

Ҳамчунин чаҳор корманди дигари техникӣ низ маҷрӯҳ ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Бино ба хабари бархе манобеъи дигар ин чархбол ба ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ, яъне зимни интиқоли нерӯҳо ба минтақаи Рашт суқут кардааст.

Сабабҳои суқути чархбол ба ҳар гуна шарҳ дода мешавад. Яке аз фарзияҳо беш аз ҳадди мумкин бор бардоштани чархбол унвон мешавад. Фарзияи дигар ин аст, ки чархбол зимни парвоз дар қади рӯдхонаи кӯҳӣ ба симе, сокинон барои интиқоли молу коло аз болои дарё гузаронидаанд, бар хӯрдааст. Ва ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар қади об ва соҳилҳо идом адорад.

Дар ҳар сурат, ба гуфтаи манбаъҳо дар сохторҳои қудратӣ исми 22 нафар аз кушташудагон, ки умдатан командони КАМ ҳастанд, маълум шудааст. Вале имкон дорад дар дохили чархболи суқуткарда афроди бештаре низ савор будаанд.

Дар шарқи Тоҷикистион амалиёти алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи ғайри қонунӣ ҷараён дорад. Ин амалиёт ба думболи ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорати дифоъ дар рӯзи 19 -уми август оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.

Дар ин ҳамла 26 сарбози Артиши Тоҷикистон кушта шуд. Мақомот ин ҳамларо бар дӯши Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) ва Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) аз фармондеҳони пешини мухолифин вогузор кардаанд.

Дар амалиёти алайҳи ин нерӯҳо то кунун чандин сарбозу афсари дигари мақомотҳои қудратии Тоҷикистон низ кушта шудаанд.

Мақомот ҳамчунин аз кушта шудани ҳафт нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайри қонунӣ хабар дордаанд.

Аммо масъулини Горди миллӣ мегӯянд, суқути чархболи мазкур дар субҳи имрӯз ба ҷараёни амалиёти алайҳи нерӯҳои мусаллаҳ рабте надорад.
XS
SM
MD
LG