Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати зиёда аз 100 нафари марбут ба шабакаи Ҳаққонӣ


Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар ва НАТО дар ду ҳафтаи гузашта зиёда аз 100 размандаи Толибон дар Покистонро ба ҳалокат расондаанд. Сухангӯи Пентагон, Ҷефф Морел мегӯяд, ҳамлаҳо зидди афроди шабакаи Ҳаққонӣ дар шарқи Афғонистон нигаронида шудаанд. Ин гурӯҳ асосан дар Покистон марказ дошта, бо Ал-Қоида марбут мебошад ва аз таҳдидҳои асосӣ ба нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG