Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи забони то ҳоло номаълум дар Ҳиндустон


Дастае аз забоншиносон дар минтақаи Аруначал Прадеш, дар шимолушарқи Ҳиндустон забони наверо кашф карданд, то ҳол ба илм маълум набуд. Забони "коро" ба хонадони забонҳои тибетию бирмаӣ мансуб аст, ки аз 150 забону шеваҳо иборат аст. Бо забони коро то ҳол ҳеҷ матне навишта нашудааст ва бо он қариб 1 200 нафар сӯҳбат мекунанд. Дар ҳоле ки дар ҷаҳон қариб 7000 забон ба қайд гирифта шудааст, ба ними онҳо хатари нобудӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG