Пайвандҳои дастрасӣ

Файсал Шаҳзод ба ҳабси абад маҳкум шуд


Файсал Шаҳзод-шаҳрванди амрикоии покистонитабор барои талоши инфиҷори мошини бамгузоришуда дар яке аз хиёбонҳои марказии Нию Йорк ба ҳабси абад маҳкум шуд. Шаҳзод 31 сол дорад ва моҳи июн талош карда буд дар Манҳеттен ин инфиҷорро анҷом диҳад. Вай гуфтааст, Толибони Покистон барои анҷоми ин амал ба вай 15 000 доллар додаанд ва вай 5 рӯз дар назди онҳо машқ дидааст. Вай як моҳ пеш аз ин талоши худ шаҳрвандии Амрикоро дарёфт карда буд.
XS
SM
MD
LG