Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба тахминҳои ширкати канадаии Тетис Петролиум, дар Тоҷикистон захираи 3 триллион метри мукааб газ мавҷуд аст. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон солона ба ҳудуди як миллиард метри мукааб газ ниёз дорад ва эҳтиёҷи худро асосан аз ҳисоби гази Узбакистон бароварда мекунад.

Манбаҳои асосии истихроҷи гази дохилӣ кони «Биштинчак»-и ноҳияи Балҷувон, «Қизилтумшуқ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва конҳо дар навоҳии Конибодому Исфара аст, ки ҳосили онҳо дар сол 22 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Бино ба пажӯҳишҳое, ки ахиран ширкати канадаии Tethys Petroleum дар чанд манба дар Точикистон анҷом дод, дар манбаи Хоҷа Сартез, Узунахор, Пушён, Пушёни Ҷанубӣ ҳудуди якуним триллион метри мукааб газ мавҷуд аст.

Ин ширкат барои корҳои кашфиётӣ дар 56 кон муҷаввиз дарёфт карда, дар ҳоли ҳозир барои корҳои иктишофӣ ҳудуди 17 миллион доллар масраф намудааст.

Феълан ин ширкат дар кони «Комсомол» дар минтақаи Лучоби Душанбе корҳои пармакуниро анҷом медиҳад. Қарор буд аз моҳи январи соли ҷорӣ аз ин манба Душанберо бо газ таъмин кунанд.

"Ин танҳо тахмин ва пешгӯист"

Аммо Эмомуддин Аслов, раиси сарраёсати истихроҷи гази вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, мегӯяд, «дар 3-4 соли наздик низ мо наметонем аз он заҳираи газе, ки тахмин зада мешавад, мардумро таъмин кунем. Ин ҳама тахминӣ ва пешгӯист. Агар мо як кон дар чуқурии 6 километр кашф мекардем, дар он сурат имкон дошт ба ин тахминҳо бовар кард».

Ҷаноби Аслов ҳамчунин вуҷуди захираи бузурги газ дар кони Хоҷа Сартезро низ рад кард ва гуфт, «ин конро ман парма карда будам. 25 сол замонат дошт, вале тамом шуд. Қабати поёнии он маълум нест, ки газ дорад ё не.»

Ҷаноби Аслов гуфт, кори кашфиёт риск дорад ва ба ин далел дар ин корҳо аҷала набояд кард.

Ангишт - роҳи ҳалли мушкил?


Ба назари бархе аз коршиносон, ба далели камбуди газ дар Точикистон бархе аз корхонаҳо аз кор мондаанд ва корхонаи «Тоҷиксемент» аз ноилоҷӣ барои тавлиди ба истифодаи ангишт рӯ овардааст.

Аммо профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба натиҷаи пажӯҳишҳои ширкати Тетис Петролиум мувофиқ аст. Вай дар камбуди газ танҳо давлатро масъул хонд ва гуфт, ки аз ангишт низ газ гирифтан мумкин аст:

«Ин фанноварӣ дар кишвари ҳамсояи мо, ки мисли мо конҳои ангишти аълосифат надорад, роҳандозӣ шудааст. Чаро мо аз он истифода накунем?»

Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, агар давлат тамоми шабакаҳои гази дохилиро ба ҳам васл кунад, имкон дорад, аз ҳисоби гази дохилӣ сокинони шаҳрҳоро бо газ таъмин намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG