Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" барандаи "Ҷоми Тоҷикистон-2010" шуд


Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии "Ҷоми Тоҷикистон-2010" баргузор шуд. Дар он ду даста - "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд бозӣ карданд. Бозӣ бо ҳисоби 5 бар 0 ба нафъи дастаи Душанбе поён ёфт ва ин даста барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2010 шуд. Соҳибони майдон ду тӯб дар қисми аввали бозӣ ва се тӯби дигар дар қисми дуввуми бозӣ вориди дарвозаи дастаи Хуҷанд карданд.
XS
SM
MD
LG