Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э Раҳмон: Савияи забондонӣ санҷида шавад


Соли ҷорӣ бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатиро 5-ӯми октябр, яъне имрӯз баргузор карданд. То ҳол ин рӯз дар Тоҷикистон 22-юми июл ҷашн гирифта мешуд. 22-юми июли соли 1989 дар Тоҷикистон қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон дар порламон ба тасвиб расида буд. Вале қонуни нав дар бораи забон 5-ӯми октябри соли 2009 пазируфта шуд. Тибқи ин қонун, ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистон ҳақи интихоби озоди забони таҳсилро доранд, вале чун шаҳрванди Тоҷикистон бояд забони давлатиро донанд. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар паёми шодбоши худ ба ин муносибат гуфт, вақти он расидааст, ки ҳангоми таъйин ба мақомҳои давлатӣ ва ё интихоби намояндагони порламон савияи забондонии онҳо санҷида шавад.
XS
SM
MD
LG