Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фирории зиндон дар Тавилдара кушта шуд


Нируҳои интизомии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти боздошт дар ноҳияи Тавилдара Бозоралӣ валади Эгамбердӣ-яке аз зиндониёни фирориро ба қатл расондаанд. Муҳаммадҷон Назриев-корманди мсъули Вазорати дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт:

"Шаби 4 ба 5-ӯми октяб дар яке аз деҳоти ноҳияи Тавилдара дар ҷараёни амалиёти муштараки нируҳои интизомӣ ҳангоми муқовемати мусаллаҳона яке аз ҷинояткороне, ки 23-юми август аз боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон фирор карда буд, кушта шуд.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар маҳали амалиёт як мусалсали "Калашников" ва як туфангча ба даст омадааст. Бозоралӣ валади Эгамбердӣ шаҳрванди 41 солаи Афғонистон буд.
XS
SM
MD
LG