Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ гуфтаанд, ки дар ҷараёни амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар дараи Камароб, 7 нафар аз ҷангиёни мусаллаҳ кушта шудаанд. Ҳамчунин, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ҷанозаи фармондеҳи ОМОН, ки бар асари ин даргириҳои кушта шудааст, баргузор гашт.

Имрӯз, 5-уми октябр дар маҳаллаи Хатироҳи шаҳри Кӯлоб маросими видоъ бо Зоиршо Қаландаров, полковники милитсия баргузор гашт. Ӯ аз шумори он афсароне буд, ки дар паи як ҳамлаи гурӯҳҳои силоҳбадаст дар ноҳияи Рашт кушта шуда буданд.

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон дар маросими видоъ марҳумро аз шаҳидони мубориза баҳри сулҳу оромӣ унвон кард.Ӯ гуфт, ватан ҳеҷ гоҳ исми чунин фарзандонашро фаромӯш нахоҳад кард.

Дар ин маросим муовини авваи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов низ суханронӣ ва аз корномаи Зоиршо Қаландаров ситоиш кард.

Абдураҳмон Бузмаков, сардори Райёсати умури дохилаи вилояти Хатлон дар ин маросим гуфт, ки ҳамлаи номардонаи гурӯҳҳои тахрибкор ва кушта шудани чанд корманди ҳифзи ҳуқуқ, рӯҳияи кормандони милисаро баҳри пайдо ва нобуд кардани онҳо боло хоҳад бурд.

Кормандони ОМОН -и раёсати корҳои дохилии Хатлон дар амалиёти алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон ва таъқиби маҳбусони фирорӣ дар ин минтақа ширкат доранд.

Дар мавриди ҳуввияти ҳафт нафари кушташуда дар ҷараёни даргириҳо, аз тарафи масъулини вазорати корҳои дохилӣ маълумоти бештаре ироъа нашудааст.

Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин минтақа аз рӯзи 23 сентябр ба ин сӯ, баъд аз ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ идома дорад.

Бар асари ин ҳамла 26 нафар сарбозони давлатӣ ҷони худро аз даст дода ва 15 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Мақомот масъулияти ин ҳамларо бар дӯши Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) ва Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) аз фармондеҳони пешини мухолифи давлат вогузор намуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG