Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ва Чин розианд баҳсҳои худро баррасӣ кунанд


Раҳбарони Ҷопон ва Чин ба тавофуқ расидаанд, ки барои беҳбуди равобити худ музокиротро дар сатҳи олӣ аз сар бигиранд. Наото Кан ва Вен Ҷибао-нахуствазирони Ҷопон ва Чин дар ҳошияи мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо ва Осиё дар Бруссел бо ҳам мулоқот карданд. Як моҳи пеш дар Сенкаку-ҷазираҳои мавриди баҳси ду ҷониб бархурде рух дод ва он сабаби сардии муносибот шуд. Сейҷӣ Маеҳара-вазири корҳои хориҷаи Ҷопон гуфт, барои музокира бо Пекин дарҳо ҳамеша боз аст:

"Мо мехоҳем бо Чин роҳҳои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳоро дар оянда баррасӣ кунем. Дарҳои мо барои музокира ҳамеша боз аст".

Вазири корҳои хориҷаи Ҷопон гуфт, ки ҷазираҳои Сенкаку моли Ҷопон мебошанд.
XS
SM
MD
LG