Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як фаъоли ҲНИТ дар Рашт


Наздикони Назриддин Сафарзода, вакили шӯрои маҳаллӣ аз ҲНИТ дар ноҳияи Рашт, ки тайи даҳ рӯзи ахир нопадид шудааст, имрӯз ба унвони додситонии кулл, вазорати корҳои дохилӣ ва кумитаи амнияти миллӣ дар ин бора расман муроҷиат кардаанд.

Ба таъйиди Шафоат Сафарзода хоҳари Сафарзода, дар санаи 25 сентябри соли ҷорӣ, чаҳор нафар, се нафар бо либоси низомӣ ва як тан бо либоси мулкӣ ӯро аз манзили зисташ бо худ бурдаанд.

Ба ӯ гуфтаанд, ки азбаски вакили шӯрои маҳаллист барои дақиқ кардани баъзе аз маълумот кӯмак мекунад.

Ба гуфтаи ин хонум Шарофат, бародари ӯро се рӯз дар мақомоти ноҳия нигоҳ дошта, сипас ба пойтахт шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Хоҳари вакили шӯрои маҳаллӣ аз ҲНИТ дар сӯҳбат бо « Озодӣ» гуфт, ки то кунун аз ҳеҷ ниҳоде дар бораи саломати бародари худ ва далоил ва сабаби боздошт шудани ӯ иттиллоъ дарёфт накардааст.

Мақомоти ҲНИТ низ таъйид карданд, ки аз хабари нопадид шудани намояндаашон дар Шӯрои маҳаллии деҳаи Навдонаи ҷамои Қалъаи Сурхи ноҳияи Раштро бохабар ҳастанд, вале ҳоло аз ин бештар дар ин бора маълумот дар ихтиёр надоранд.

Назриддин Сафарзода, узви ҲНИТ дар интихоботи зимистони солӣ ҷорӣ дар маҷолиси маҳаллӣ вакили Шӯрои маҳаллӣ аз ин ҳизб интихоб шудааст.

Ӯ соҳиби панҷ фарзанд буда ва як чойхона соҳибкорӣ мекардааст.

Қабл аз ин, рӯзи 10 сентябр як вакили дигари ҲНИТ дар маҷлиси маҳаллии ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов низ дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.

Ҳусниддин Давлатов баъдан тавассути телевизон суханронӣ кард ва гуфт, ки ба бародараш Аловуддин Давлатов дар таҳияи шароит барои муқовимати мусаллаҳона, аз ҷумла харидории маводи мунфаҷира ва либосу муҳимоти низомӣ кӯмак кардааст.

Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) дар созмон додани ҳамла ба корвони нерҳои вазрати дифоъ дар таърихи 19 -уми сенятбр муттаҳам дониста мешавад. Бар асари ин ҳамла 26 сарбози вазорти дифоъ ба қатл расида буд.
XS
SM
MD
LG