Пайвандҳои дастрасӣ

Бо таҳқиқи вазъи зиндагӣ ва кори беш аз 50 кӯдаку навраси коргару хиёбонии пойтахт, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кишвар якҷо бо Созмони ҷаҳонии кор қарор доданд зиндагии онҳоро тағъир бидиҳанд ва ин наврасонро аз бозори кор ба таҳсил баргардонанд.

Тибқи лоиҳаи муштараки «Омӯзиши меҳнати кӯдакон», сар аз якуми сентябри соли равон, 50 кӯдаку навраси аз 8 то 17 сола, ки то имрӯз аз таҳсил дар канор мондаву ягон ҳарфи алифборо аз бар накардаанд, дар курсҳои вижа хатту савод ва касбомӯзӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Аз таҳсил дурмондаҳо омӯзиш дода мешаванд

Мижгона ҳам яке аз ин хонандагон аст. Вай 15 сол дорад ва мегӯяд, бо сабаби нодориву тангдастӣ волидон ӯро ҳанӯз дар соли аввали таҳсил, яъне дар синфи якум аз мактаб гирифтаанд ва аз ҳамон замон то ба имрӯз аз субҳ то шом ҳамроҳи модараш фаррошӣ мекунад.

«Кӯчаҳора мерӯбем бо модарам. Ман аз аввал мехостам хонам, аммо вазъи зиндагиамон, ки хеле бад буд падару модарам мегуфтанд беҳтараш кор кунем ва ба онҳо кӯмак намоям. Ва ҳамин тавр ба кор баромадам аз хурдӣ. Ва чандин сол, ки нахондам дигар шарм мекардам ба мактаб баргардам. Ҳоло каму беш ҳарфҳоро аз худ кардаам. Навиштам метавонам кам-кам, аммо хонданам суст аст.»

Мисли Мижгона, дар курси хатту саводомӯзӣ зиёданд наврасоне, ки синнашон ба 10 ва 15 расидааст, аммо то ба ҳол қаламро ба даст нагирифтаанд ва аз хурдӣ барои пешбурди зиндагӣ вақти бештари худро дар бозор бо корҳои мухталифи сиёҳу сангин мегузаронанд.

Нисои Алишер, корманди маркази «Омӯзиши меҳнати кӯдакон» мегӯяд, овардани Мижгона ва дигар ҳамтоёнӣ ӯ пушти мизи дарсӣ ва ҷалби онҳо ба хатту саводомӯзӣ ба осонӣ даст надодааст.

Ҷалби наврасон пушти мизи дарсӣ кори осон набудааст

Нисо мегӯяд, онҳо ин наврасону кӯдаконро ғолибан аз бозору хиёбон ва дигар маҳалҳои серодам пайдо кардаву ба маркази таълими наврасон ҷалб мекунанд.

"Воқеан овардани онҳо ба марказ кори хеле душвор буд. Нахуст онҳо аз сӯҳбат бо мо меҳаросиданд, фикр мекарданд, мо аз сохторҳои ҳуқуқӣ ва ё мақомоти милиса ҳастем, аммо оҳиста — оҳиста ба онҳо мефаҳмондем, ки мақсади мо танҳо хатту савод додан ва ба мактаб баргардонидани онҳо аст. Баъдан мо ба назди волидони онҳо меравем. Албатта бо волидони онҳо мувофиқа кардан кори боз ҳам душвортар аст. На ҳамаи онҳо розӣ мешаванд, барои ин мо онҳоро ба марказ даъват мекунем, бо шароити дарсу синфхонаҳо ошно мекунем ва мефаҳмонем, ки ин дарсҳо вақти зиёди фарзандони онҳоро намегирад. Ҳоло албатта наметавонем бигӯем, ки ин бачаҳо тарки кори худ кардаанд, аммо соатҳои кориашон камтар шудааст."

Нисои Алишер мегӯяд, ҳадафи онҳо, омода кардани ин гурӯҳи кӯдакону наврасон барои баргаштан ба мактабҳои миёна ва раҳоӣ аз навъҳои мухталифи меҳнат аст.

Аммо меафзояд Нисо, кафолат дода намешавад, ки баъди ин омӯзишҳо ҳам, ки ҳудуди се моҳро дар бар мегирад, кӯдакон ба пуррагӣ аз кору аз мояи даромади худ даст кашанд ва ба омӯзиш машғул шаванд.

Дар ин маврид, меафзояд ӯ, нақши волидони онҳо хеле муҳим аст ва агар онҳо нисбати ояндаи фарзанди хеш бетаваҷҷуҳӣ накунанд ва талош кунанд то фарзандони онҳо қабл аз ҳама дониш бигиранд, пас метавон дар коҳиш ёфтани кори кӯдак ва бо ин ба донишомӯзӣ ҷалб кардани онҳо мусоидат кард.

Фаъолияти дусолаи лоиҳаи "Омӯзиши меҳнатии кӯдакон"

Бояд гуфт лоиҳаи «Омӯзишии меҳнати кӯдакон» дар Тоҷикистон соли дуввум аст, ки фаъолият дорад. Соли гузашта дар доираи ин лоиҳа, 200 кӯдаку навраси коргари тоҷик ба хатту саводомӯзи фаро гирифта шуд.

Ба гуфтаи Алишер Фаромӯзов, раҳбари маркази таълимии калонсолон, ҳудуди 80 дар сади ин кӯдакон баъдан аз бозори кор ба мактаб баргаштанд.

Аммо имсол, барои аввалин бор дар доираи лоиҳаи омӯзишии меҳнати кӯдакон, ба хотири раҳо кардани 50 наврас аз меҳнати сангин ва зараровар, ба курсҳои вижаи касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд ва ҳоло пайи омӯзишӣ касбҳои қаннодӣ, дузандагӣ ва дуредгарианд.

Алишер Фаромӯзов мегӯяд, онҳо ҳамчунин дар дарёфти ҷои кор ва пешгирӣ аз табъизу сӯистифодаи нерӯи ин наврасони коргар мусоидат хоҳанд кард.

«Он шаҳрвандоне, ки синнашон ба 18 сола мерасад, мо кӯмак мекунем, ки ба онҳо кори муносиб пайдо кунем ва нақша дорем, ки бо машварат бо кордиҳандаҳо, онҳоро ба корҳое ҷалб кунем, ки ҳамагӣ 2-3 соат кор кунанд ва ба бозорҳо, ки ба саломатии онҳо зарар мерасонанд набароянд ва дар хунукӣ кор накунанд. Яке аз ҳадафҳои аслии мо ҳам ин аст, ки мо бояд ба онҳо фаҳмонем, ки ин ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ дорад.»

Ба гуфтаи Алишер, ҳоло тибқи лоиҳаи «Омӯзиши меҳнати кӯдакон» танҳо кӯдакону наврасони коргару хиёбонии пойтахт ба омӯзиши хатту савод ва кас фаро гирифта мешаванд.

20 ҳазор кӯдаки аз таҳсил дур дар Тоҷикистон?

Вале онҳо тасмим дорад, дар оянда ба атфоли коргару хиёбоние ҳам, ки аз навоҳии дурдасти кишвар барои дарёфти маблағ ба пойтахт меоянд, чунин имконият фароҳам оварда шавад.

Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Фаромӯзов, барои ба пуррагӣ ба таҳсил баргардонидан ва қабули дурусти ин атфоли аз таҳсил дурмондаву осебпазир ба мактабҳо, тасмим аст дар доираи ин лоиҳа, миёни омӯзгорони макотиби миёнаи кишвар нишасту корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.

Аммо дар маҷмӯъ, тибқи нишондоди созмонҳои байналмилаллӣ, имрӯз бештар аз 20 ҳазор кӯдакони коргари тоҷик аз таҳсил дуранд.

Ҳамзамон шумори кӯдакону наврасоне, ки дар бозори кор ба навъҳои мухталифи меҳнати сангину сиёҳ машғуланд наздик ба 200 ҳазор арзёбӣ мешавад, ки ба ин фақр, муҳоҷирати меҳнатии волидон, носолимӣ ва аз ҳампошии хонаводаҳо сабаб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG