Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳашт олмонии толиб дар Покистон кушта шуданд"


Гузоришҳо ҳикоят аз он дорад, ки дар ҷараёни ҳамлаи як ҳавопаймои бидуни сарнишини «амрикоӣ» дар шимоли Покистон дар рӯзи душанбе, ҳашт шибҳи низомии Толибон, ки гуфта мешавад тобеъияти олмонӣ доранд, кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Райтерз ва ба гуфтаи мақомоти покистонӣ, дар ҷараёни партоби ду мушак аз сӯи як ҳавопаймои бидуни сарнишини «амрикоӣ» дар шимоли Вазиристон, чанд тан аз аъзои ҷунбиши шибҳи низомии ҷиҳоди исломӣ кушта шуданд.

"Шабакаи Ҳаққонӣ" ҳадафи ҳамла будааст

Райтерз гузориш дода аст, ҳанӯз манбаъи мустақиле ин ҳамларо таъид накарда ва шибҳи низомиён ҳам ин гуна ҳамла ва ё талафоти худро рад мекунанд.

Яке аз сокинони ин минтақа дар гуфтугӯи телефонӣ гуфта аст, ки як мушак ба як масҷид бархурд кардааст.

Аз сӯи дигар дар ҳамин, рӯз чархболҳои НАТО ҳам мавозеъи шибҳи низомиён дар Покистонро ҳадаф қарор доданд.

Покистон ба ин ҳамлаҳо эътироз карда онро таъаруз ба ҳокимияти худ медонад ва ҳатто яке аз роҳҳои интиқоли борҳои НАТО дар Афғонистонро дар вокуниш ба ин ба ин ҳамлаҳо баста аст.

Созмони иттилооти маркази Амрико, ки гуфта мешавад анҷоми ҳавопаймои бидуни сарнишинро ҳидоят мекунад, дар паи ҳадаф қарор додани сарони гурӯҳи мавсум ба «шабакаи Ҳаққонӣ» аст, ки дар шимоли Вазиристон ва дар ноҳияи марзи миёни Афғонистон ва Покистон фаъолият мекунанд.

Вазиристони Шимолӣ яке аз манотиқи аслии фаъолият ва ҳаракати шибҳи низомиёни Толибон ва гурӯҳҳои вобаста ба он аст.

Ҳушдори Амрико ба шаҳрвандони худ

Дар рӯзҳои охир ҳам, Амрико ба шаҳрвандони худ дар Аврупо ҳушдор дода аст, ки мумкин аст ҳадафи ҳамалоти террористӣ қарор гиранд.

Гуфта мешавад ин маълумот дар ҷараёни бозҷӯи аз яке аз шибҳи низомиёни олмонӣ-афғонӣ бо номи Аҳмад Сидиқ ба даст омадааст .

Ба гузориши расонаҳои Олмон, Аҳмад Сиддиқ аҳли Ҳамбург аст ва дар зиндони низомии Амрико дар Багром ба сар мебарад.

Мақомоти амниятии амрикоӣ мегӯянд, истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин абзори хубе барои мубориза бо шибҳи низомиён аст ҳарчанд бидуни ҳамкории манобеъи иттилоотӣ ва амниятии амрикоӣ имкони истифодаи дуруст аз ин ҷангафзор вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG