Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нақшаи Обама барои Афғонистон тағйире рӯй нахоҳад дод


Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама мегӯяд, дар марҳилаи феълӣ нақша надорад, дар стратегияи ҷанг дар Афғонистон ягон тағйири муҳиме ба вуҷуд орад. Ин нукта дар номаи ӯ ба унвони сарони Конгресс гуфта шудааст, ки Кохи Сафед мунташир кард. Обама ба фиристодани 30 000 сарбози иловагӣ ба Афғонистон фармон дода буд ва ҳам гуфта буд, хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар моҳи июли соли 2011 шурӯъ мешавад. Ягона тағйири муҳим, ки ӯ ворид кард, фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон таъин шудани генерал Дейвид Петреус буд, ки тавонистааст, ҷанги Ироқро ба поён барад.
XS
SM
MD
LG