Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ситезаҷӯён дар Вазиристони Шимолии Покистон


Мақомоти Покистон мегӯянд, аз ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Иёлоти Муттаҳида ҳашт ситезаҷӯ, аз ҷумла шаҳрвандони Олмон, кушта шудаанд. Ба хонае дар деҳаи Миралӣ дар Вазиристони Шимолӣ, ки аз паноҳгоҳҳои Толибон ва Ал-Қоида ба шумор меравад, ду мушак партоб шудааст. Дар як моҳи гузашта ҳавопаймоҳои бесарнишини Иёлоти Муттаҳида 20 дафъа ин минтақаро ҳадаф қарор дода, аз зарбаи онҳо наздик ба 120 нафар кушта шудаанд. Ҳалокати се марзбони покистонӣ дар ин минтақа дар ҳафтаи гузашта сабаби баста шудани роҳи икмолотии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гардид.
XS
SM
MD
LG