Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ва Янукович дар пайи бунёди пули азим


Президентҳои Русия ва Украина тарҳи пуровозаи бунёди пул дар гулӯгоҳи Керчро эҳё карданиянд. Дар дидоре дар осоишгоҳи Геленҷик, Дмитрий Медведев ва Виктор Янукович ба ҳукуматҳои худ гуфтаанд, имконияти бунёди чунин пулро дар миёни минтақаи Краснодари Русия ва нимҷазираи Қрими Украина баррасӣ кунанд. Гуфта мешавад, ду ҳамсоя мехоҳанд, сохтмони ин пулро то бозиҳои олимпии зимистона дар Сочии Русия дар соли 2014 ба итмом расонанд.
XS
SM
MD
LG