Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашшофи "борварӣ дар шиша" Ҷоизаи Нобел гирифт


Донишманди бритониёӣ, Роберт Эдвардс барои таҳқиқ ва такмили фанноварии борварӣ дар шиша, ки ба миллионҳо ҷуфти безурёт имкон дод, соҳиби фарзанд шаванд, барандаи Ҷоизаи соли 2010-и Нобел дар пизишкӣ шуд. Кумитаи Нобел бо эълони ин хабар гуфт, саҳми Эдвардс баёнгари яке аз марҳилаҳои нав дар пизишкӣ мебошад. Донишманди 85-сола роҳҳои ба вуҷуди овардани ҷанин дар лӯлаи озмоиширо ҳанӯз дар солҳои 1950-ум сар карда, ин фанновариро якҷо бо Потрик Стпето, ки дар соли 1988 даргузаштааст, кашф намуд. Нахустин тифл аз шиша дар соли 1978 дар Бритониё ба дунё омада, то ҳол шумораи умумии онҳо аз 4 миллион нафар бештар аст.
XS
SM
MD
LG