Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО умедвор аст, Покистон гузаргоҳро боз мекунад


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, ибрози умедворӣ кард, ки Покистон гузаргоҳи муҳими марзӣ барои таъмини нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро ҳарчӣ зудтар боз мекунад. Покистон ин роҳи калидии икмолотии НАТО-ро баъди он баст, ки се сарбози он кишвар дар ҳамлаи мушакии чархболи НАТО дар минтақаи марзии Хуррам кушта шуданд. Дабири кулли НАТО баъди мулоқот бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, аз ҳалокати он сарбозон ибрози таассуф кард:"Возеҳ аст, ки ҳодиса ғайриамдӣ буд. Ва бешак мо бояд ҳамоҳангӣ миёни низомиёни худ ва ҳамтоёни покистониамонро беҳтар кунем. Ҳоло таҳқиқи муштарак идома дорад ва мо муа йян хоҳем кард, чӣ иттифоқ афтод ва аз он дарси дуруст хоҳем гирифт." Айни ҳол имрӯз дар роҳи дигари икмолотие дар Покистон, тундравон ба корвони нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ҳамла карда, 20 мошинро оташ заданд ва се нафарро куштанд. Толибони Покистон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG