Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Қазоқистон аз обанбори Чин


Элдан Садвакосов, ноиби вазири муҳити зисти Қазоқистон, имрӯз гуфт, обанборе, ки дар вилояти ғарбии Шинҷони Чин сохта мешавад, ба вазъи муҳити зисти атрофи Кӯли Балхаш осеб хоҳад расонд. Элдан Садвакосов гуфт, барои пур кардани ин обанбор, оби бештаре аз рӯдхонаи Иртиш зарур хоҳад шуд, ки ба Қазоқистон ҷорӣ мешавад ва ба кӯли Балхаш мерезад. Ба гуфтаи ӯ, тағйири иқлим ва тарҳҳои шабеҳи нерӯгоҳҳои барқӣ дар кишварҳои ҳамсоя, тайи 40 соли гузашта ҳаҷми оби Қазоқистонро 40 дар сад кам кардааст.
XS
SM
MD
LG