Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти сиёсатмадори ҷанҷолбарангези Ҳолланд


Имрӯз муҳокимаи Гирд Вилдерс, сиёсатмадори ҷанҷолбарангези Ҳолланд шурӯъ шуд, ки ӯро ба барангехтани адовати қавмӣ алайҳи мусулмонҳо муттаҳам мекунанд. Гирт Вилдерси 47-сола ба додгоҳ гуфт, “ҳамроҳи ӯ озодии баёни бисёре аз ҳолландиҳоро” муҳокима мекунанд ва додрасҳоро ба пешдоварӣ муттаҳам карда, хостори иваз кардани онҳо шуд. Муҳокимаро баъди ин муттавақиф карданд ва аризаи Гирт Вилдерро се додраси дигар бошитоб баррасӣ намуданд. Ҳукми Гирт Вилдерс рӯзи сешанбеи оянда эълом хоҳад шуд. Муҳокима дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҳизби озодии Гирт Вилдерс барои ҳамкорӣ бо эътилофи нави ҳукмрони Ҳолланд омодагӣ мегирад. Ин сиёсатмадор барои мамнӯъ кардани пӯшидани бурқа ва муҳоҷирати мусулмонон ба Ҳолланд, маъракаҳое роҳандозӣ кардааст ва бо баёнияҳои иғвобарангезе алайҳи мусулмонон шинохта шудааст. Дар сурати собит шудани гуноҳ, Гирт Вилдерсро ба 16 моҳи зиндон ва 10 ҳазор евро ҷарима маҳкум хоҳад шуд. Интизор меравад, ҳукми ӯро моҳи оянда эълом кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG