Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон дар остонаи интихоботи парлумонӣ


Зарилбек Рисалиев, вазири умури дохилаи Қирғизистон, 4 октябр тайи як нишасти хабарӣ гуфт, рӯзи интихобот ҳафт ҳазор корманди умури интизомӣ ва беш аз 13 ҳазор довталабони мардумӣ амнияти раъйдиҳандагонро таъмин хоҳанд кард.

Ба гуфтаи оқои Рисалиев пӯшида нест, ки пахши овозаҳо дар миёни мардум боиси ба тарсу ҳарос рубарӯ гардидани онҳо шудааст.

Амнияти райдиҳандагон таъмин аст

Вай гуфт, вазорати дохила тамоми чораҳои амниятиро пиёда хоҳад кард, ки барқарории субот дар рӯзи интихобот ва баъд аз он ба куллӣ таъмин бошад.

Ба таъкиди Зарилбек Рисалиев, вазорати дохила бо додситонии кулл кӯмаки фаврии нерӯҳои кумитаи амният, пулис, хадамоти гумрук ва вазорати дифоъро ҳамоҳанг сохтааст ва онҳо дар муддати 45 дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир хоҳанд шуд.

Оқои Рисалиев гуфт, ки ин нерӯҳо дар сурати зарурат ва ҳаводиси ғайримунтазира ба нерӯҳои интизомӣ кӯмак хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, даҳ ҳавзаи интихоботӣ аз тарафи кормандони умури интизомӣ ва ихтиёриёни халқӣ зери назорати шадид гирифта хоҳад шуд ва дар ин ҳавзаҳо интихобот бидуни ягон ҳодисаи ғайричашмдошт сипарӣ хоҳад шуд.

Вазири дохилаи Қирғизистон дар идома афзуд, ки ба манзури таъмини субот дар шаҳри Бишкек ва ноҳияҳои атрофи он, 300 пулиси тамриндидаи аспсавор дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд.

Барои донишҷӯён таътил эълон шудааст

Дар ҳамин ҳол Абдуманноб Ҷолдошев, сарпарасти раёсати вазорати маорифи Қирғизистон ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки аз 6-ум то 16-уми октябри соли равон, дар донишгоҳҳои олӣ, коллеҷу литсейҳои академикӣ ва омӯзишгоҳҳои махсус таътил эълон шудааст.

Ба гуфтаи оқои Ҷолдошев, судури амри вазир оид ба таътили муваққатӣ ба ин далел сурат гирифт, ки Кодекс дар бораи интихоботи кишвараш имкон медиҳад, донишҷӯён бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар маҳали зисти доимӣ ба тарафдории яке аз 29 ҳизби сиёсӣ овоз диҳанд.

Аммо як ҳамсӯҳбати мо бидуни ифшои номаш гуфт, ки дар Ӯш шумори зиёди одамоне, ки ҷои зисти доимӣ надоранд, имкони ширкат дар интихоботи парлумониро аз даст додаанд.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, вай аз зумраи ҳамон ашхос аст, ки баъди ҳаводиси хунини моҳи июн шавҳару ду писарашро ба Русия гусел кардааст.

Вай мегӯяд, баъди ин ҳодисаҳои ваҳшатбор, одамони зиёд ҳарос доранд, ки интихоботи парлумонӣ авзои кишварашро дубора ба ташаннуҷ рӯбарӯ хоҳад кард.

Мардум интизороти як интихоботи шафофро доранд

Бино ба хабарҳои расида, дар вилояти Ҷалолобод барои баргузории интихоботи парлумонӣ авзоъ комилан мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, мақомоти раҳбарии ин вилоят талош ба харҷ медиҳанд, ки раъйдиҳандагон бидуни ҳарос дар интихоботи парлумонӣ ширкат кунанд ва аз аҳзоби сиёсие, ки барномааш писанди онҳост, пуштибонӣ намоянд.

Қувватбек Байболов, додситонии кулли Қирғизистон ба Озодӣ гуфт, ки тайи бист соли охир мардуми кишвараш интихоботи шаффофу озод ва демократиро надидааст.

Оқои Байболов афзуд, маҳз ба ин далел, додситонии кулл алайҳи додгоҳи Қонуни асосӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Вай гуфт додгоҳи Қонуни асосӣ, ки ваколати таъмини устувории қонунро бар дӯш дорад, аз ӯҳдаи иҷрои ин ваколат набаромад ва барои ҳамин ба маҳкама кашида шуд.

Ба гуфтаи Қувватбек Бойболов фақат аз тариқи интихоботҳои озоду демократӣ орзуву омоли мардуми кишвараш бароварда хоҳад шуд.

То интихоботи парлумонии қирғиз рӯзҳои башумур мондааст.

Дар ҳамин ҳол 29 ҳизби сиёсии ин кишвар таблиғоти барномаҳои пеш азинтихоботиро вусъат бахшидаанд, вале иддае аз коршиносон мегӯянд, ки шаш ё ҳафт ҳизб дар интихобот пирӯз хоҳанд шуд.

Аммо ба ҳар сурат, довари асосӣ вақт аст ва вақт маълум хоҳад кард, ки ин пешгӯиҳои коршиносон то чӣ андоза воқеият доранд.
XS
SM
MD
LG