Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фармондеҳи собиқи "Алфа"-и Қирғизистон раҳо шуд


Мақомоти Қирғизистон имрӯз Алмос Юлдошалиев, фармондеҳи собиқи гурӯҳи “Алфа” нерӯҳои махсуси ин кишварро аз боздоштгоҳ раҳо карданд. Алмос Юлдошалиевро, бо иттиҳоми ширкат дар тирандозӣ ба рӯи тазоҳургарон, ки моҳи апрел Қурмонбек Боқиевро сарнагун карданд, боздошт карданд. Наздикону аъзои гурӯҳи “Алфа” гуфтаанд, ки Юлдошалиев танҳо фармонро иҷро кардааст ва бо баргузории тазоҳурот хостори раҳоии ӯ шуданд.
XS
SM
MD
LG