Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони интихоботи Боснӣ ва Ҳерсеговина маълум шуданд


Боқир Иззатбекович, сиёсатмадори мӯътадил, ғолибан узви мусулмони шӯрои раёсати ҷумҳури Боснӣ ва Ҳерсеговина хоҳад шуд. Бо шумориши 90 дар сади оро, Иззатбекович, ки фарзанди Алия Иззатбекович, фарзанди раҳбари мусулмонон дар замони ҷанг дар Боснӣ ва Ҳерсеговина аст, аз рақиби миллатгарояш Ҳарис Силаҷич, раъйи бештар ба даст овардааст. Боқир Иззатбекович, ваъда дод, ки ба хотири рушди иқтисодӣ бо аққалиятҳои дигари миллӣ дар кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард:"Мо вазъ дар Босния ва Ҳерсеговинаро ба эътидол меорем ва ояндаи беҳтарро барои шаҳрвандонаш таъмин мекунем, ки маъниаш субот ва шароити беҳтар барои рушди иқтисод аст." Зелко Комсич, узви хорвати раёсати ҷумҳур, ки тарафдори Босния ва Ҳерсеговинаи воҳид ва гуногунмиллат аст, дигарбора дар интихобот пирӯз шудааст. Намояндаи сербҳо дар шӯрои раёсати ҷумҳурӣ Небойса Радманович, ки хоҳони ҷудоии сербҳо аз ин кишвар, бо касби тақрибан 50 дар сади оро, мақомашро нигаҳ дошт.
XS
SM
MD
LG