Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба мошинҳои ҳомили сӯхти НАТО дар Покистон


Дар пайи ҳамла ба ҳудуди 20 мошини ҳомили сӯхт барои нерӯҳои НАТО дар Покистон, ки рӯзи душанбе дар наздикии Исломобод пойтахти ин кишвар сурат гирифт, се нафар кушта ва ҳудуди ҳашт тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, афроди мусаллаҳ бомдоди рӯзи душанбе дар ҷодае, ки аз Исломобод ба сӯи марзи Афғонистон меравад, бо партоби оташпора, даҳҳо мошинҳои нафткашро ба оташ кашиданд ва оташи сӯхтор маҳдудаи зиёдеро дар бар гирифт .

Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтаанд

Бино ба гузоришҳо, Толибони Покистон рӯзи душанбе масъулияти ин ҳамла ва ҳамлаи мушобеҳе, ки рӯзи ҷумъа дар ҷануби Покистон рӯй додро ба ӯҳда гирифт ва таҳдид кард, ки ҳамалоти бештареро дар оянда анҷом хоҳанд дод.

Муҳаммад Аҳад, афсари маркази хадамоти пулиси Покистон ба таъиди кушта шудани се тан ва захми шудани ҳашт тани дигар дар ҳамла ба мошинҳо дар атрофи Исломобод, ба хабаргузории Фаронса гуфт: «Ҳамаи ин қурбониён ба зарби гулӯла кушта ё захмӣ шудаанд ва бештари онҳо ронанда ё кӯмакдиҳандаи ронандаҳои ин мошинҳо буданд».

Ба гуфтаи вай, аз шумори афроди мусаллаҳи ҳамлакунанда иттилое дар даст нест ва ин афрод муваффақ шуданд аз саҳна фирор кунанд.

Умар Ҳаёт, раиси полиси Исломобод низ бо таъиди кушта шудани се нафар дар ин ҳамла гуфт ҳамла замоне рух дод, ки мошинҳо барои сӯхтгири дар муқобили полоишгоҳи «Аттак» дар ҳумаҳои шаҳри Исломобод таваққуф карда буданд.

Ин мақоми пулис ҳамчунин аз табодули оташ миёни нерӯҳои интизомии пулис ва ҳамлакунандагон хабар дод, ки ба гуфтаи ӯ ин тирандозиҳо барои муддате идома дошт.

Ин ҳамлаи аввал нест

Ин ҳамла дар ҳоле рух медиҳад, ки рӯзи ҷумъа низ дар ҳамлаи мушобеҳе дар ҷануби Покистон, даҳҳо мошини ҳомили сӯхт барои нерӯҳои НАТО ба оташ кашида шуд ва гурӯҳи Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

152 ҳазор нерӯҳои хориҷӣ, ки барои ҷанг бо Толибон ва Ал-Қоида дар Афғонистон мустақар ҳастанд бахше аз сӯхт ва тадорукоти худро аз тариқи роҳҳои Покистон ҳамлу нақл мекунанд.

Ҳамлаи рӯзи душанбе ба мошинҳои нафткаш дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки дар пайи баста шудани марзи Покистон бо Афғонистон, ҳамакнун сафе аз ҳудуди 200 мошини борбар дар ҷодаи мунтаҳи ба ин марз шакл гирифтааст.

Покистон аз рӯзи панҷшанбе ва ба нишонаи эътироз ба кушта шудани се сарбози ин кишвар дар ҷараёни шилики ҳавопаймои нерӯҳои НАТО, марзи худ бо Афғонистонро бастааст.

Рӯзи панҷшанбе ба ҳангоми убури чархболҳои НАТО аз марзи Афғонистон ба дохили Покистон дар паи як ҳамлаи мушакӣ аз як ҳавопаймоӣ бидуни сарнишин, се сарбози покистонӣ дар шимол-ғарби минтақаи Хуррам ҷони худро аз дар даст доданд.

НАТО мегӯяд шилики ин мушакҳо дар посух ба шиликҳое будааст, ки ин чархбол бо он мувоҷеҳ шуда ва ин амал як амали «дифоъ аз худ» буда аст.

Ин ҳамла боис шуд нерӯҳои покистонӣ ба хотири хашми мардуми ин кишвар аз ин воқеъа, гузаргоҳи Хайбарро, ки роҳи тадорукотии таъмини сӯхт ва муҳимот барои нерӯҳои эътилофи мустақар дар Афғонистонро бубанданд, вале мақомҳои покистонӣ мегӯянд ин марз « то камтар аз як ҳафтаи дигар» боз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG