Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози мусобиқаи хотираи Султон Мирзоев дар Душанбе


Маликшо Неъматов дар маросими кушодашавии мусобиқа

Маликшо Неъматов дар маросими кушодашавии мусобиқа

4-уми октябр дар шаҳри Душанбе маросими кушоиши мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷавоизи хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, баргузор шуд.

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ширкаткунандагони мусобиқа – футболбозони навраси шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Исфара ва ноҳияи Румиро бо оғози бозиҳо табрик гуфта, орзу кард, ки дар оянда аз байни онҳо ба мисли шодравон Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе, футболбозони моҳир ба камол мерасанд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори дувоздаҳум баргузор мешавад, таҳти сарпарастии Бунёди рушди варзиши ба номи Султон Мирзоев, ки ба он писари шодравон – Фарҳод Мирзоев, мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон”, раҳбарӣ мекунад, баргузор шудааст.

Барандаи Ҷоми хотираи Султон Мирзоев дар бозии ниҳоӣ 7-уми октябр муайян хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG